расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » САРНАВИШТИ МАРДЕ, КИ АЗ ДУХТАРОНАШ РӮ ГАРДОНД

. / Ҷомеа

САРНАВИШТИ МАРДЕ, КИ АЗ ДУХТАРОНАШ РӮ ГАРДОНД

Инак, беш аз як моҳ аст, ки Саттор дар бемористон бистарист. Ӯ бори дувум сактаи қалбро паси сар кард. Табибон мегӯянд, агар бори дигар бемор шавад, ӯро наҷот дода наметавонанд. Бинобар ин, Сатторро лозим аст, ки худро эҳтиёт кунад ва зиёд фикр карда, ба дилу асабаш фишор наорад.  
Аз субҳи рӯзи гузашта то субҳи имрӯз нигоҳубини Саттор бар дӯши Мадина буд. Духтари бечора шаби дароз миҷа таҳ накарда, дар болои сари падараш нишаста баромад. Обу ғизо медод, аз дастонаш дошта, барои қазои ҳоҷат мебурд, аз дорухона дору меовард, хулоса, мисли як писар давутоз мекард, то падараш зудтар шифо ёбад. Каме пас Малика меояд ва бо Мадина ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Яъне, Малика то субҳи рӯзи дигар дар назди падар мемонаду Мадина ба хонааш бармегардад. Малика низ айнан ҳамон корҳоеро мекунад, ки Мадина мекард. Рӯзи дигар Маҳина меояд ва бо Малика ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Баъдан, Мавзуна меояд ва нигоҳубини падарро бар дӯш мегирад. Баъди Мавзуна, Мавҷуда ба хабаргирии падар меояд ва як шаб дар назди ӯ мемонад. Ҳамин тавр, панҷ апаву хоҳар бо навбат дар назди падар истода, ӯро бонӣ мекунанд ва хизматашро ба ҷо меоранд. Саттор бачаи шаҳрӣ буд ва ҳамеша орзу мекард, ки бузург шавад, ҳатман духтари шаҳриро ба занӣ мегирад. Аз чӣ бошад, ки духтарони деҳотро дӯст намедошт ва ҳар боре, ки ҳамроҳи падару модараш ба деҳа мерафт, дилаш танг мешуду зудтар ба шаҳр баргаштан мехост. Вақте Саттор донишгоҳро хатм кард, волидонаш бар зидди хоҳиши ӯ баромада, ба писарашон як хешдухтари деҳотиашонро фотиҳа карданд. Саттор мегуфт, ки дӯстдошта дораду бо каси дигар оиладор шудан намехоҳад, аммо хоҳиши ӯ барои касе муҳим набуд ва падару модараш ҳамон кореро мекарданд, ки худашон мехостанд.        Арӯси деҳотӣ Қисса кутоҳ, Мамлакати деҳотиро арӯс карда, аз деҳот ба шаҳр оварданд. Саттор умуман ба рӯйи ҳамсараш нигоҳ намекард ва бо ӯ сарду дағал рафтор мекард. Мамлакат аз ин муносибати шавҳараш хун мегирист, аммо калонсолони оила ӯро насиҳат мекарданд, ки сабр кунад, ҳамааш хуб мешавад. Мамлакат деҳотӣ бошад ҳам, духтари зебо ва нозуке буд, аммо ин ҳама зебоиву ҳусну ҷамоли ӯ ба чашми Саттор наменамуд. Дар майнаи Саттор фақат як фикр тоб мехӯрд. Он ҳам аз Мамлакат ҷудо шуда, бо духтари шаҳрие оила барпо кардан буд. Аз оиладории Саттору Мамлакат як сол гузашта буд, ки онҳо соҳиби фарзанд шуданд. Ба нахустфарзандашон Мадина ном гузоштанд. Пас аз таваллуди Мадина дили Саттор ба зиндагиву ҳамсараш андаке гарм шуд. Баъзан бо Мадина бозиву ӯро дӯстдорӣ мекард. Ин манзараро дида, дили Мамлакат низ ба зиндагӣ гармтар мешуд ва ҳамоно Худоро зора мекард, ки оилаашро аз парокандагӣ нигоҳ дорад. Мадина якунимсола буд, ки Мамлакат дубора ҳомиладор шуд. Ӯ ин навбат ҳам духтар таваллуд кард. Саттор ба духтарчаи дувумаш Малика ном гузошт. Акнун тамоман падари хуб шуда буду шавҳари меҳрубон. Мамлакат аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Фикри оиладор шудан бо духтари шаҳрӣ аз гӯшаи хаёли Саттор ба дуриҳои дур рафта буд. Ӯ фақат дар фикри гулдухтаронаш буд, ки яке аз дигаре ширинтару зеботар буданд. Мамлакат баъди ду соли ба дунё омадани Малика бори сеюм ҳомиладор шуд. Саттор интизор буд, ки ин бор ҳамсараш писар таваллуд мекунад, аммо... Духтари сеюми онҳо Маҳина ба дунё омад. Ӯ аз Мамлакат дида, бештар ба падараш монанд буд. Хусусан, абрӯвони сиёҳу ба ҳам пайвасташ. Падару модари Саттор писарашонро, ки аз тавлиди духтари сеюмаш каме нороҳат шуда буд, дилбардориву насиҳат карда мегуфтанд, ки “фарзанд доди Худо аст ва набояд ношукрӣ кард”.   Духтар моли мардум... Мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ тамоман танқисӣ намекашид, чун кори Саттор хуб буду оиларо, аз ҷумла падару модар, ҳамсар ва се духтарашро ба пуррагӣ таъмин мекард. Пайи ҳам таваллуд шудани се фарзанд кори Мамлакатро каме мушкил карда буд, чун ғайр аз кору бори хона, боз нигоҳубини кӯдакон низ вақту нерӯи зиёдро талаб мекард. Ба ҳамин хотир, Мамлакат қарор дод, ки то калонтар шудани духтаронаш дигар ҳомиладор намешавад ва ин қарорашро ба шавҳараш низ гуфта монд. -Духтар моли мардум аст, бо сад азоб калон мекунӣ, вале шавҳар карда меравад. Ту барои ман писар таваллуд кун, то дар дами пирӣ асои дастам шавад,-Мамлакат дар ҷавоби гапаш аз Саттор ин суханҳоро шунид. Мамлакат бори чорум ҳомиладор шуд. Саттор пеши ӯ шарт гузошт, ки агар боз духтар таваллуд кунад, аз ӯ ҷудо хоҳад шуд. -О ин аз ману шумо вобаста нест-ку, мардак!? Дар насибамон чизе бошад, ҳамонро мебинем. Ношукрӣ накунед, ин кори хуб нест,-шавҳарашро ором кардан мехост Мамлакат, аммо Саттор дигар тобу тоқати шунидани чунин насиҳатҳоро надошт. Шиками Мамлакат ин бор калонтар буд ва давраи ҳомиладориаш низ аз пештара дида, мушкилтар мегузашт. Духтурон баъди ташхис гуфтанд, ки дар батни Мамлакат ду дил метапад ва беҳтараш баъди моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ дар беморхона бистарӣ шавад, то тифлакон солиму бардам ба дунё оянду модари онҳо низ дар зери назорати табибон бошад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/sarnavishti-marde-ki-az-dukhtaronash-r-gardond

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.