расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТАФСИЛОТИ МУФАССАЛИ КУШТОРИ МАЪШУҚИ 22 СОЛА АЗ ҶОНИБИ МАЪШУҚАИ 27 СОЛА

. / Ҷомеа

ТАФСИЛОТИ МУФАССАЛИ КУШТОРИ МАЪШУҚИ 22 СОЛА АЗ ҶОНИБИ МАЪШУҚАИ 27 СОЛА

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш додааст, ки Савронбии Файзуллои 27-сола дар пайи баҳси таваллуд ё исқоти ҳамли кӯдаки дар батнаш буда, маъшуқаш Ғаффурҷон Талабови 22-соларо куштаст.  
Ба иттилои ВКД, Савронбӣ, зодаи ноҳияи Восеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ иҷоранишин буда, бо ҷавон Ғаффурҷон Талабов муносиботи маҳрамона доштааст. Манбаъ афзуд, ки ҷавонзан моҳи августи соли 2020 бо Ғаффурҷон Талабови 22-сола шинос шуда, миёнашон муносибатҳои маҳрамона сар задааст. Ба гузориши ВКД, ахиран муайян шудааст, ки Савронбӣ дар ҳафтаи 6-уми ҳомиладорӣ қарор дорад ва субҳи 11 март дар ин бора ба маъшуқаш хабар медиҳад. Дар заминаи баҳси таваллуд ё исқоти ҳамл миёни Савронбӣ ва Ғаффурҷон муноқиша сар задааст, ки дар натиҷа ҷавонзан ба қафаси синаи маъшуқаш бо корд се зарба задааст. Дар гузориш Савронбӣ бо чашми гирён қазияро нақл мекунад. Назари бевоситаи ӯ ё ҷониби ҳимояаш феълан маълум нест. ВКД мегӯяд, прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/tafsiloti-mufassali-kushtori-mashui-22-sola-az-onibi-mashuai-27-sola

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.