расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Суманаки 30-метрии Душанберо ҳукумат не, соҳибкорон месозанд

. / Ҷомеа

Суманаки 30-метрии Душанберо ҳукумат не, соҳибкорон месозанд

Ин соҳибкорон хоҳиш кардаанд номи онҳо ва маблағе, ки масраф мекунанд эълон нашавад.

Сурат: Абдуллох Ғурбатӣ/Asia-Plus
Дар майдони "Дӯстӣ"-и Душанбе рамзи бузурги Наврӯз - суманаки наврӯзӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр хоҳад буд, иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба "Азия-Плюс". 
Дар ин майдон ҳамчунин дигар намунаҳои манзараҳои наврӯзӣ, аз қабили дарахтони мевадор, гулу гулзорҳои гуногун ва дигар вижагиҳои Наврӯз низ насб хоҳанд шуд. 
Абдуллох Ғурбатӣ/Asia-Plus
Ин манбаъи шаҳрдорӣ мегӯяд, ки насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе аз ҳисоби ҳукумат не, балки аз ҳисоби соҳибкорон, ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.
«Ду соҳибкори пойтахт довталабона изҳор карданд, ки аз ҳисоби худ  барои насби рамзи Наврӯз дар маркази Душанбе сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо хоҳиш карданд, ки аз онҳо ва маблағе, ки масраф мекунанд ном набарем», - мегӯяд манбаъ. 




1/6
Имсол Наврӯз, ҷашни миллии тоҷикон дар Тоҷикистон, бидуни намоиши театришудаи анъанавӣ бо қарори Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо каронавирус дар тоҷикистон, мегузарад. Танҳо чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар маконҳои фароғативу варзишӣ бо риояти қоидаҳои беҳдоштии замони коронавирус, баргузор мешаванд. 
Соли гузашта ҳам дар Тоҷикистон ҳамин гуна суманаки 30-метраи рамзи Наврӯз насб карда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.