расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар марзи байни Узбекистону Қирғизистон танҳо як гузаргоҳ боз мешавад

. / Ҷомеа

Дар марзи байни Узбекистону Қирғизистон танҳо як гузаргоҳ боз мешавад

Гузаргоҳи "Дустлик" дар марзи Қирғизистон ва Узбекистон.

Шуруъ аз имрӯз, 1 сентябр, Қирғизистон ба шаҳрвандони Узбекистон иҷозаи вуруд медиҳад. Аммо шаҳрвандони Қирғизистон ҳанӯз имкони ба Узбекистон рафтанро надоранд.
Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, тасмими боз кардани марз барои шаҳрвандони Узбекистон ба он хотир гирифта шудааст, ки вазъи беҳдоштӣ дар он кишвар муътадил арзёбӣ мешавад.
Борубоева гуфт, 1 сентябр дар марзи ду кишвар танҳо гузаргоҳи "Дустлик" боз мешавад.
"Ҳатто он шаҳрвандони Узбекистон, ки дар ҳудуди Қазоқистон ё Тоҷикистон қарор доранд, иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро пайдо мекунанд", - гуфт Борубоева.
Намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, шаҳрвандони Қазоқистон низ аз ин ҳақ бархӯрдоранд.
Баъди он ки 15 март дар Узбекистон нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд, рӯзи 16 март Тошканд марзҳояшро ба рӯи ҳамсояҳо баст. Дар натиҷа узбекистониҳое, ки дар Қирғизистон қарор доштанд, натавонистанд, ба кишварашон баргарданд.
Қирғизистон то имрӯз марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони 31 кишвар боз кардааст. Аммо дар ин рӯйхат аз ҳамсояҳои Қирғизистон танҳо Тоҷикистон шомил нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.