расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАВРӢ: ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БО 7 КИЛО ГЕРОИН ДАР МАСКАВ

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

ФАВРӢ: ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БО 7 КИЛО ГЕРОИН ДАР МАСКАВ

Пулиси Маскав видеои бо беш аз 7 кило героин (ҳероин) боздошт шудани як нафарро нашр кард. Пулис дар иттилоияаш марди дастгиршударо «сокини яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ» ном мебарад ва мушаххасоти дигари ӯро ошкор намекунад, вале дар видео хуб дида мешавад, ки шиносномаи ӯ шиносномаи Тоҷикистон аст. Бино ба иттилои пулис, дастгиршуда маводи мухаддирро ба дозаҳои хурд тақсим ва дар ҷойҳои махсус (закладка) дар шаҳру вилояти Маскав барои харидорон мегузошт. Як дозаи героинро ӯ 1500 рубл мефурӯхтааст. Ба зидди ин зодаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои нигоҳ доштан ва кӯшиши фурӯхтани миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тоҷикистон ба далели қариб 1400 километр марзи мустақимаш бо Афғонистон ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ» (ҳероин, ҳашиш, афюн) ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон табдил ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 нафари дигар дар боздошт қарор доранд. Бино ба ҳисобҳо, тақрибан сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ҳабс ва зиндонӣ мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.