расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Оғози омодагиҳо ба гузашти навбатии ҳарбӣ дар Душанбе

. / Ҷомеа

Оғози омодагиҳо ба гузашти навбатии ҳарбӣ дар Душанбе

Ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ баргузор мешавад.

Сурат: Тоday.tj
Наздики 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони пойтахт ба омодагӣ ҷиҳати гузаронидани гузаштаи навбатии ҳарбӣ оғоз намуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии низомӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр доир мегардад.
Сафороӣ дар қаламрави Гвардияи миллӣ баргузор шуда, дар он Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳузур хоҳад дошт.
Дар ин гузашти низомӣ сафарбарии техникаи ҳарбӣ дар назар дошта нашудааст.
Гвардияи миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1995 таъсис дода шуда, он замон онро гвардияи президентӣ ном мебурданд.
Моҳи январи соли 2004 ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.
20 ноябри соли 2013 бо фармони президент генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, собиқ фаромндеҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Гвардияи миллии Тоҷикистон воҳиди мустақили таъиноти махсуси ҳарбӣ буда, бевосита ба президент ва Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ тобеъ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.