расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Президент: нафақаи маъюбон то 50% зиёд ва се мактаб-интернати президентӣ бунёд шавад

. / Ҷомеа

Президент: нафақаи маъюбон то 50% зиёд ва се мактаб-интернати президентӣ бунёд шавад

Раисҷумҳури Тоҷикистон нафақаи се категорияи маъюбонро боло бардошт.

Ҳунарнамоии гуруҳе аз бонувони имкониаташон маҳдуд
Сурат: Asia-Plus
Аз моҳи сентябр нафақаи кӯдакони то синни 18-сола 20 дар сад ва маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда мешавад. Ин дастурро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти марбутаи давлат дод.  
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи маъюбони дигар низ 20 дар сад зиёд карда шавад. 
Ӯ иброз намуд, ки дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»,  «нафақаи кӯдакони маъюб ба андозаи 20 фоиз ва маъюбони гурӯҳи якум 50 дарсад зиёд карда мешавад. То зиндагии афроди  осебпазири  ҷомеа беҳтар карда шавад». 
Ҳамзамон Президенти кишвар ба ҳукумат супориш дод, ки барои бунёди се мактаб-интернати президентӣ барои  ятимони кулл дар вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯйӣ намоянд. 
Гуфта шуд, ки дар ин муассисаҳо низ мисли мактабҳои байналмилалӣ шароити беҳтарини дарсӣ ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.Ӯ Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Директсияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро вазифадор кард, ки то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳо таҳия ва барои мувофиқа ба роҳбари давлат пешниҳод кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.