расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

Ҷомеа / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми январи соли 2021, тахминан соати 24:00, ҳангоми дар кӯчаи Борбади пойтахт назди тарабхонаи «Халиф» қарор доштанаш ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Митсубиси-Паҷеро», бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасти писари хурдсоли 5-солааш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг 4-2», ки арзишаш 940-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, номбурда рӯзи 17-уми январи соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи пойтахт назди бозори «Деҳқон» қарор доштанаш, аз дасти ноболиғи 8-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хонор 7-А», ки арзишаш 1 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи ғоратгарӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2021, ҳангоми бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Солярис”, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ назди маркази савдои “Садбарг” ба мусофиркашонӣ машғул буданаш, шахси номаълум дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро воситаи нақлиёташро ҳай карда бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.