расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ронандагони автобус: Омӯзиш ройгону кор дар Душанбе

. / Ҷомеа

Ронандагони автобус: Омӯзиш ройгону кор дар Душанбе

Корхонаҳои нақлиёти шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ба  омӯзиши курсҳои ронандагии дараҷаи «Д» даъват кардааст. Омӯзиш ройгон ва баъди хатм бо кор таъмин мешаванд.
“Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони  пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи «Д» даъват менамоянд. Ронандагон   баъди хатми курсҳо  дар автобусҳои тамғаи «АКИА» дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард”,- иттилоъ медиҳад Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд бо рақамҳои  988 70 44 00  («Автобус-1»)  985 38 28 81  («Автобус-2»)  ва  918 63 14 93  («Автобус-3») дар тамос шаванд.
Инчунин, корхонаҳои нақлиётии  Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «Д» ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват менамояд. Ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои нақлиётии  шаҳри Душанбе  бо  телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 988 70 44 00  ( «Автобус-1»), 985 38 28 81 («Автобус-2»),  918 63 14 93  («Автобус-3») ва  908 00 57 80  ( «Троллейбус»).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.