расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Зинаи 99-уми Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ

. / Ҷомеа

Зинаи 99-уми Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ

Байни 138 кишвари мавриди назар қароргирифта.

Сурат: Радиои Озодӣ
Ширкати байнулмилалии Global Firepower раддабандии нави байнулмилалии иқтидорӣ ҳарбӣ (Military Strength Ranking - 2021)-ро ба нашр расонид.
Мисли рейтинги байнулмилалии иқтидори ҳарбӣ дар соли 2020 байни 138 кишвари мавриди назар Тоҷикистон зинаи 99-умро ишғол мекунад.
Гуфта мешавад, дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар адои хизмат мекунанд, ки 0,1% аз шумори аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар рейтинг қайд мешавад, ки Тоҷикистон 20 чархбол, 253 танк, 400 мошини зиреҳпӯш, 80 тӯпи вазнини кӯтоҳмил (гаубитса) ва 125 проектори мушакӣ дар ихтиёр дорад. Бинобар сабаби роҳи мустақими баромад ба баҳр надоштан, ҷумҳурӣ Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, дар раддабандии Global Firepower зикр мегардад, ки соли гузашта Тоҷикистон ба соҳаи мудофиа 79 млн доллар равона кардааст.
Артиши Ӯзбекистон пурқувваттарин дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. Бо 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва харҷи 15 млрд доллар ба ин соҳа Ӯзбекистон дар ин рейтинг зинаи 51-умро касб кардааст.
Қазоқистон дар зинаи 62-юм ҷойгир аст: артиши ин кишвар аз 125 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иборат буда, харҷаш ба соҳаи мудофиа ба 4 млрд доллар дар як сол баробар аст.
Туркманистон зинаи 86-умро ишғол намуда, 22 ҳазор хизматчии ҳарбӣ дорад ва ба бахши мудофиа солона 800 млн доллар маблағ масраф мекунад.
Қирғизистон дар мақоми 93-юм ҷойгир буда, артишаш аз 11 ҳазор нафар афсарону сарбозон иборат аст ва харҷи солонааш ба соҳаи мудофиа 20 млн долларро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.