расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Муҳаммадҷон: Дар вагон ва кучаҳо хондаму табиб шудам (Видео)

. / Ҷомеа

Муҳаммадҷон: Дар вагон ва кучаҳо хондаму табиб шудам (Видео)

Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки дар Рӯзи кормандони тиб ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боиси ситоиш ва намунаи ибрат дониста шуд, ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омад. Ин ҳамон табибест, ки  аввали моҳи май бо як муроҷиатномаи видеоӣ аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахт мардумро партофта, аз кор гурехтанд, танқид карда буд. Пойафзоли таърихӣ ва қадрдонии Президент
18-уми августи соли2020 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ  ба масъулин супориш дод, ки ба ин табиби ҷавон ҷои кори мувофиқ пайдо намоянд ва барои корнамоиҳояш хонаи 2-ҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Бо супориши Сарвари давлат  Муҳаммадҷон Ҳусейнов  таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  идома хоҳад дод. Ӯ дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj доир ба рӯзгори сахти дирӯзааш,  чӣ гуна аз кӯҳистон ба пойтахт омадану ба муҳоҷират рафтанро қисса кард.
Баъд аз он ки видеои Муҳаммадҷон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, бисёриҳо ӯро -табиб-блогер ном бурданд. Аммо ӯ ин иддаро рад мекунад. “Ман блогер нестам, инсоне ҳастам, ки мехоҳам кумакам ба ҳама бирасад. Маро ба коллеҷ як нафари дигар дохил кардааст, аммо имрӯз ҳамон одам ба кумаки ман эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин, кумакеро, ки бояд ба ӯ кунам, ба дигарон мекунам ва боварӣ дорам, ки Худованд худаш ба ин амалҳои ман мукофот медиҳад”,-мегӯяд Муҳаммадҷон.
Дар навор дида мешуд, ки Муҳаммадҷон пойафзолеро ба даст гирифта, онро мебӯсид. Дар муроҷиат ба табибон мегуфт, ки агар ин пойафзоли шумост, онро ман мебӯсам. Номбурда таърихи ин пойафзолро чунин нақл кар:  “ Он ҳамчун ҳадя ба дасти ман расидааст, ки онро мебӯсам. Пойафзол дар дасти ман ҳамин маъноро дошт, ки қадамҳои табибонеро, ки аз рӯи виҷдон барои халқ хизмат карданд, мебӯсам.   Мақсади паҳн намудани ин навор машҳур шудани ман набуд. Дар он шабу рӯз магар инсони баномус метавонад дар фикри машҳур шудану ном баровардан андеша намояд?  Ман аз рӯи нангу номус ин корро кардам, вале интизор набудам, ки навори маро худи Президент мебинанд”.
Таҳсил дар вагон
Ҳоло Муҳаммадҷон  дар шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ”,  Беморхонаи “Истиқлол” кор мекунад. Вазифаи асосиаш ҳангоми даъвати шаҳрвандон расонидани ёрии аввалияи тиббӣ мебошад.  Номбурда зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст. “Соли 1998 деҳаи моро сел хароб кард ва мо мактаб надоштем. Фарзандони мардум бе илм намонанд гуфта, аз вагонҳои қатора мактаб сохта буданд. Дар ҳамон вагонҳо ман мактабро хатм кардаам. Ҳоло дар деҳаи мо ба ҷойи вагонҳо мактаби замонавӣ сохтаанд”,-нақл мекунад номбурда.
Ҳамсари Муҳаммадҷон низ табиб будааст. Дар давраи пандемияи коронавирус бу вуҷуди ҳомиладор будан, ҳамроҳ бо худ ба  кор мебурдааст. “Хушдоманам фақат ба ман мегуфт, ки “Э бача, дилат ба ҳамин ҳамсарат намесӯзад?” Асосан занҳои ҳомила ва нафарони синну солашон аз 50-сола болоро аз кор озод карда буданд, аммо виҷдони ман намебардошт, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба ҳамсарам бигӯям, ки ба кор нарав. Фақат таъкид мекардам, ки худашро эҳтиёт кунад ва ҳамроҳ ба кор мерафтем. Ба хушдоманам ҷавоб додам, ки имрӯз вақти дар хона нишастан нест. Тақдири мо дар дасти Худо гуфта, фақат дар канори мардум будем”.
Рӯзгори пур аз дард
Мо дар оила ду писар ҳастем. Падарам замони ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 27-солагӣ фавтид. Модарам дар 24-солагӣ аллакай бешавҳар монда буд. Марги  падарамро  ёд надорам, хеле хурд будем. Калонтар, ки шудем дигар бо сабабҳои оилавӣ дар хонаи бобоям зиндагӣ карда натавонистем. Баъд як холаам ба модарам гуфт, ки фарзандонатро гирифта биёву дар хонаи ман зиндагӣ кун ва мо ба Кӯлоб омадем. Дар он ҷо ман компот ва донаи офтобпараст (семичка) мефурӯхтам. Баъди синфи панҷ аз хонаи холаам ба шаҳри Душанбе омадам ва дар хонаи амакам меистодам. Амакам худаш муҳоҷир буд ва аз ман хоҳиш кард, ки ҳамроҳи янгаам бошам. Аммо дар ин миён вазъи молии амакам, ки нохуб шуд, ман ба хонаи хушдомани амакам кӯчидам. Ҳамон зан маро то синфи нуҳ ҳамроҳи фарзандони худаш нигоҳубин кард. Қариб 12 нафар дар як хона будем. Акаи Раҳматулло, хусури амакам аз он ки дар хонааш ҷой намеёфт, дер-дер аз муҳоҷират меомад. Падар надоштам, аз модар дур будам, аз амакам ҳам тез-тез пул пурсида наметавонистам. Бинобар ин, мошин мешустам, селофан мефурӯхтам. Баъди хатми синфи нуҳ маҷбур шудам, ки ба ноҳияи Восеъ баргардам ва то синфи 11 он ҷо таҳсил кардаму дар хонаи бобоям меистодам.
Таърихи донишҷӯӣ ва муҳоҷират
Дар зодгоҳи ман як нафар зиндагӣ мекарданд, ки он касро ки бобои Ғуломалӣ мегуфтанд. Як рӯз ҳамроҳ аз саҳро меомадем ва он кас ба ман гуфтанд, ки агар дар деҳа бимонӣ, мисли амакҳоят деҳқон шуда меравӣ, зеро ягон амаки ман донишгоҳи олиро нахонда буданд. Бобои Ғуломалӣ ба ман маслиҳат дода, маро ба назди ҳамон нафаре равон карданд, ки маҳз бо кумаки ӯ ман ба Коллеҷи тиббӣ дохил шудам. Мутаассифона, бе иҷозати он нафар ман номашро зикр карда наметавонам, вале аз ӯ аз замин то осмон миннатдорам. Бобои Ғуломалӣ ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд ва номи он касро ба он хотир мегирам, ки рӯҳашон шод бошад.
Баъди хатми коллеҷ ба Русия рафта, кор кардам, то хонаи шахсӣ харида, модарамро ба наздам баргардонам. Додарам Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм карда, ҳоло дар як қисми низомӣ кор мекунад. Хонаам боҳашамат нест, вале зиндагӣ карда мешавад. Вобаста ба шабҳои навбатдориям қариб  850 сомонӣ маош мегирам.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.