расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ИДИ КАДУ ВА ТАРБУЗУ ХАРБУЗА ДАР ДУШАНБЕ

. / Ҷомеа

ИДИ КАДУ ВА ТАРБУЗУ ХАРБУЗА ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 30 август бахшида ба солгарди 29-уми истиқлоли Тоҷикистон дар бозори "Меҳргон”-и шаҳри Душанбе иди каду ва тарбузу харбуза доир шудааст. Муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулаҳмадзода дар ин маросим иброз дошт, ки «яке аз мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад. Дар мамлакат соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст». "Ховар” менависад, имсол дар Тоҷикистон дар майдони 780,2 гектар каду, дар 15 ҳазору 223,2 гектар тарбуз ва дар 4226 гектар харбуза кишта, то 28 август деҳқонони ҷумҳурӣ 15 ҳазору 302 тонна каду, 341 ҳазору 201 тонна тарбуз ва 66 ҳазору 063 тонна харбуза ҷамъ овардаанд.
Субҳи имрӯз, 30 август бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз баргузор гардид. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳирҷон САИДЗОДА дар иди мазкур иштирок намуданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Иди каду, хабруза ва тарбуз намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Намоишгоҳи мазкурро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди каду, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,таъмин намудани сокинон ва меҳмонони пойтахтбо маҳсулоти ватанӣ ва рушди соҳаи мазкур мебошад.
«Якеаз мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаитаҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад. Дар мамлакат соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст»,- зикр намуд ӯ.
Зикр шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши каду, харбуза ва тарбуз ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуда, имконияти хубест барои боз ҳам беҳтар парвариш кардани чунин маҳсулоти полезӣ дар мамлакат. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.
Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзоданавъҳои гуногуни каду, харбузаю тарбуз вамаҳсулоти аз он омодагардидароба намоишу фурӯш гузоштанд.
Бино ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи маълумоти оморӣ, соли равон дар кишти асосии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар майдони 780,2 гектар кишти каду, 15 ҳазору 223,2 гектар кишти тарбуз ва 4226 гектар кишти харбуза гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 28 август хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба миқдори 15 ҳазору 302 тонна каду, 341 ҳазору 201 тонна тарбуз ва 66 ҳазору 063 тонна харбуза истеҳсол намуда, ҳоло ҷараёни ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣидома дорад.
Ба иштирокдорони намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» ва навъҳои каду гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду писанд омад ва онҳо имкон доштанд ин намуди маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти полезӣ дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор 50 фоиз арзон манзури сокинону меҳмонон карда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз гӯшаи тавсияҳо ташкил гардидааст, ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши каду, харбузаю тарбуз ва манфиатҳои он, инчунин аз ин намуди полезиҳо чӣ гуна омода намудани мураббо, хушку захиракунии ин маҳсулот ва фоидабахшии донаи он маслиҳату тавсияҳо медоданд. Инчунин зимни намоиши мазкур ба иштирокдорон варақаҳои тавсиявӣ тақдим мегардиданд.
Дар ин ҷо тамоми маҳсулот истеҳсоли худӣ ва маҳаллӣ буд. Симои офтобхӯрдаи марди деҳқон, тоқии шинаму зебои шарқиёна, куртаҳои аз матои пахтагӣ дӯхташудаашон то дер дар хотири кас нақш мебандад. Дар ин ид ҳар як шаҳру ноҳия маҳсулоти бо дасти худ парваришкардаашро пешкаш менамояд, гўё онҳо дар ороиши раста ва маҳсулот мусобиқа дошта бошанд, харбузаҳои ба тарзи аҷоибу гулкоринамо буридашуда, анвои ин меваи биҳиштӣ касро ба ваҷд меоранд. Аз ин нозу неъматҳо касе хоҳад, тановул карда метавонад. Онҳо яке аз дигаре ширинтаранд. Ҳамчунин аз ҷониби бонувони тоҷик навъҳои гуногуни анъвои хӯрокӣ аз маҳсулоти каду, мураббо аз тарбузу харбуз ва қандакҳои хушккардашуда пешкаш гардида буданд, ки дил аз диданашон ба ваҷд меомад.
Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аз 4,4 то 21 фоиз қанд, 7—9 фоиз ангиштобҳо, 1 фоиз моддаҳои нитрогендор, 2 фоиз равған, оҳар, сафеда ва то 30 мг фоиз витамини С дорад. Xарбузаро ҳам тару тоза мехӯранд (асосан) ва ҳам хушконида истеъмол мекунанд, аз он мураббо ва ширинӣ мепазанд. Xарбуза барои муолиҷаи истисқо, заъфарма, дарди гурда, санги гурда, ҷароҳатҳои дарун ва ғайра фоиданок аст. Мағзи харбуза омос ва дарди чашмро бартараф мекунад. Xарбуза растании гармидӯст аст, ба об ва хоки ҳосилхез серталаб мебошад.
Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров зикр кард, ки «дар шароити Тоҷикистон қариб, ки дар ҳамаи минтақаҳо харбуза парвариш карда мешавад. Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад, ки аз ин миқдор аз 30 навъу намунаҳои он ҳосили хуб ба даст овардан имконпазир аст».
Маҳсулоти полезии каду беш аз 5000 сол пеш аз ҷониби инсоният омӯхта шуда, ба шарофати мазза ва хусусиятҳои ғизонокиаш то имрӯз чун маҳсулоти дӯстдоштаи мардум боқӣ мондааст.
Бинобар тавсияҳои Абуалӣ Ибни Сино, як кадуро ба се қисм ҷудо карда, бемориҳои гуногунро бо он метавон шифо бахшид.
Яъне агар кадуро бо шакар ё асал мураббо пухта бихӯранд, мӯътадилтарини мураббоҳост, ки майнаро қувват мебахшад, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, моддаҳои савдовӣ ва бемориҳои аз бисёр гаштани савдо сарзадаро дафъ менамояд; агар дар меъда балғам бисёр набошад, ин зуд ҳазм мешавад, вале агар балғам мавҷуд бошад, худаш ба он мубаддал мегардад. Мураббои асалии каду барои хунукмизоҷон беҳтар ва муносибтар аст назар ба шакарии он. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмкунанда мебошад.
Табибон тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз хилтҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм сабаби баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад.
Ёдовар мешавем, ки Иди харбуза ва тарбуз тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Дар ҷамъбасти намоиш ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ ва иштирокдоронифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.