расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Обуҳавои Тоҷикистон то 20 январ чӣ гуна мешавад?

. / Ҷомеа

Обуҳавои Тоҷикистон то 20 январ чӣ гуна мешавад?

То охири ҳафта ҳаво софу гарм хоҳад буд.


Сурат: Нозим Қаландаров
Дар Тоҷикистон то 18 январ тағйироти назарраси вазъи обуҳаво пешбинӣ намешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии гидрометереорологии ҶТ Ҷамила Байдуллоева.
Ба гуфтаи ӯ, то 20 январ дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест: рӯзона ҳавои софу гарм, лекин шабона хунук мешавад.
Байдуллоева ронандагонро огоҳ намуд, ки дар робита ба сардиҳо дар роҳҳо яхбандӣ боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Душанбе то охири ҳафта ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорат шабона аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона аз 4 драҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона ҳарорати 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.
Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ шабона то 2 дараҷа хунук ва дар баъзе ноҳияҳо ҳавои гарм дар назар буда, ҳарорат рӯзона 15-17 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо 4-9 дараҷа хунук ва дар Ҷиргатол то 17 дараҷа хунук мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.