расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Маҳрумият аз ҳуқуқи падару модарӣ барои амалҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакон

. / Ҷомеа

Маҳрумият аз ҳуқуқи падару модарӣ барои амалҳои шаҳвонӣ нисбати кӯдакон

Чунин ҷазо ба даллаҳо ва ташкилкунандагони фоҳишахонаҳо низ таҳдид мекунад.

Акси марбута
Сурат: azh.kz
Тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.
Тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда аз ҷумла, ба васеъ кардани рӯйхати шахсоне, ки онҳоро метавонанд аз ҳаққи падару модарӣ маҳрум созанд, дахл доранд. Ворид намудани тағйирот ба 9 моддаи Кодекси оила пешбинӣ гардида, инчунин ба он ду фасли нав илова мешавад.
Дар сурати пазируфта шудани тағйирот аз ҷониби парлумон дар Тоҷикистон шахсоне, ки аз ҷониби суд дар содир намудани амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғон айбдор дониста мешаванд, инчунин ташкилкунандагони фоҳишахонаҳо ва даллаҳо (миёнаравон) дар ин амал аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуда метавонанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумон.
Дар тағйирот қоидаҳои нав барои касоне, ки мехоҳанд кӯдакони ятим ва маъюбонро ихтиёрӣ муваққатан ба сифати меҳмон қабул кунанд, низ муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, то аввали соли 2019 дар Тоҷикистон 5227 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимони маҳруми яке аз волидон таҳти сарпарастии давлат қарор доштанд.
Тибқи меъёрҳои амалкунандаи Кодекси оилдаи ҶТ, шахсоне, ки аз иҷрои уҳдадориҳои худ нисбати фарзанд даст мекашанд, аз ҷумла алимент пардохт намекунанд; бидуни сабаби узрнок аз қабули фарзанди худ даст кашида, ӯро дар таваллудхона ё дигар муассисаи тарбиявӣ боқӣ мегузоранду аз ҳуқуқҳои падару модарии худ суистеъмол мекунанд; бо кӯдакон бераҳмона рафтор мекунанд, зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳи нисбати онҳо раво мебинанд, майнӯшони ашаддӣ ва нашъамандон ва шахсоне, ки нисбати ҳаёту солимии фарзандони ё ҳамсарони худ дидаву дониста ҷиноят содир мекунанд, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешаванд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.