расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шӯрои уламо 50 занро ба ҷойи шавҳаронашон талоқ дод

. / Ҷомеа

Шӯрои уламо 50 занро ба ҷойи шавҳаронашон талоқ дод

Гуфта мешавад, ки тӯли солҳои зиёд шавҳаронашон ба ин занҳо тамос нагирифта ва онҳоро таъмин накардаанд.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар мебошад, ки дар соли 2020 ҳудуди 50 зани тоҷикро ба ҷойи шавҳарошон хатти талоқ додааст.
Тавре ба "Азия Плюс" аз Маркази исломӣ Тоҷикистон хабар доданд, инҳо занҳое мебошад, ки солҳои тӯлонӣ шавҳаронашон бо онҳо зиндагии якҷоя надошта, ба онҳо дар тамос нашуданд ва аз ҷиҳати молӣ низ ёрдам накарданд.
Шӯрои уламо мегӯяд, ки ин занҳо қонунан, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳам аз ҳамсарони худ ҷудо шуда будаанд, вале шавҳаронашон ба далелҳои гуногуне аз додани талоқи мусалмонӣ худдорӣ кардаанд.
Шӯрои уламо далели додани хатти талоқ ба ин занҳоро ба он марбут медонад, ки бе талоқи шаръӣ роҳи зан барои зиндагии минбаъдаи баста аст. Аксари ин занҳо ҳам гуфтаанд, ки барои худ номзадҳои нав ёфтаанд, вале ба далели надоштани талоқ наметавонанд зиндагии навро оғоз кунанд.
Дилафрӯз, сокини шаҳри Душанбе ҳам мегӯяд барои дарёфти талоқ ба шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо муроҷиат карданиаст, чунки ӯ 28-сола аст ва шаш сол қабл шавҳараш ба Русия рафта дар онҷо зан гирифта аммо, то ҳол ӯро талоқ надодааст. Сабаби ҷудо шуданашро ӯ дар баҳсҳои давомдор бо хушдоманаш медонад, ки боис гардид, бо як духтарчаи ноболиғ тарки хонаи шавҳар кунад.    
Шӯрои уламо мегӯяд ба занҳое хатти талоқ медиҳад, ки агар шавҳаронашон бо онҳо дар 4 соли ахир тамос надошта бошанду ягон ёрмандӣ накарда бошанд. Ҳамчунин ба гуфти ин ниҳод ин занҳо бояд аз маҳалли зисташон маълумотнома биёранд ва бо худ ду шоҳиди дигар ҳам дошта бошанд.
Дар ҳамин бино ба маълумоти Шӯрои уламо бештари занҳое, ки барои хатти талоқ муроҷиат кардаанд аз  30 то 45 син доштаанд.
Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ки равобити хонадорӣ бар асоси қонунгузорӣ танзим мешавад. аммо 98 дар сади мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва тибқи шариати дини ислом додани талоқ ҳаққи мард аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.