расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори шифоёфтагон қариб ба шумори сироятёфтагон баробар шуд

. / Ҷомеа

Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори шифоёфтагон қариб ба шумори сироятёфтагон баробар шуд

Теъдоди умумии шифоёфтагон зиёда аз 99,3%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: Twitter
То субҳи 11 январ шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 308 нафар расид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 3 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 90 нафар боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 24 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 13 ҳазору 215 нафар ё худ 99,3%-ро ташкил медиҳад. Фарқият байни сироятёфтагон ва шифорёфтагон 93 кас аст.
Аввали моҳи январ вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки охирин гирифторони бемори COVID-19, ки дар беморхонаҳо табобат мегирифтанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Дар ин маводи мо бо назари табибоне, ки бевосита ба муолиҷаи беморони аз коронавирус сироятёфта машғуланд, шинос шуда метавонед.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.