расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мақомот: Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири январ барқарор шавад

. / Ҷомеа

Мақомот: Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири январ барқарор шавад

Қаблан зикр гардида буд, ки парвозҳо баҳори ҳамин сол барқарор мешаванд.

Фурудгоҳи ТОшканд
Сурат: Repost.uz
Хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошканд шояд охири моҳи январ ё аввали феврал барқарор шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
“Чанде пеш бо сабаби рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти вобаста ба коронавирус дар ҳар ду кишвар, сохторҳои марбутаи авиатсионии Ӯзбекистон моро огоҳ намуданд, ки ба барқарор кардани парвозҳои мунтазам омодаанд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Субҳонзода, пештар бо ҳамтоёни ӯзбек мувофиқа шуда буд, ки парвозҳо аввали моҳи март барқарор карда мешаванд.

“Лекин акнун ҳар ду тараф омодаанд, ки парвозҳоро то охири моҳи январ роҳандозӣ намоянд, - иброз дошт номбурда. - Пешниҳоди ҳамтоёни ӯзбеки худро ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус пешниҳод карда, посухашро интизорем”.
Зимнан зикр шуд, ки дар сурати аз ҷониби ситод қабул шудани қарори мусбат, парвозҳои мунтазам байни кишварҳо барқарор карда мешаванд.
Қаблан Субҳонзода изҳор дошта буд, ки интизор меравад, парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд аз моҳи март сурат бигирад ва дар ин маврид миёни  ниҳодҳои ҳавонаврадии кишварҳо гуфтушунид идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.