расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 130 парвози чартерии "Сомон Эйр" аз Русия дар моҳи январ

. / Ҷомеа

130 парвози чартерии "Сомон Эйр" аз Русия дар моҳи январ

Чанде пештар ширкати "Сомон Эйр" нархи билетҳояшро 395 евро муайян карда буд.

Сурат: somonair.com
Тоҷикистон бо Русия бар сари парвозҳои чартерии моҳи январи 2021 ба мувофиқа расидааст, гуфт директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  ба "Азия-Плюс". Бар асоси ин тавофуқ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон 130 парвози чартери анҷом хоҳад шуд.
"Парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия мисли пештара давом мекунад. То охири моҳи январ ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳрҳои гуногуни Русия бештар аз 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Мисли пешин дар як рӯз аз 4 то 6 парвоз хоҳад буд. Ҳамарӯза аз Маскав ба Душанбе 3 парвози чартерӣ ва боқимонда аз шаҳрҳои дигари Русия хоҳанд буд",-гуфт Субҳонзода. 
Мусофирин ба тартиби пешин ҳангоми бозгашт ба Ватан бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, дошта бошанд. Барои кӯдакони то 3-сола доштани ин маълумотнома лозим нест. 

Билетро аз куҷо бояд харид?

Дар миёнаҳои моҳи ноябр билетҳои парвозҳои чартерӣ дар фурӯши озод гузошта шуданд, то ин вақт билетҳоро тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Русия мешуд дастрас кард. Он заон гуфта мешуд, ки билетҳои чартерӣ бо нархи 395 евро фурӯхта мешаванд. 
Парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Нововсибирск, Сургут сурат мегиранд. Билетҳо дар нуқтаҳои расмӣ дар ин шаҳрҳои Русия фурӯхта мешаванд: 
Маскав - Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, хазинаи №88 ва №40, тел: 89295994541
Маскав, кӯч. 2-юми Тверу-Ямск, хонаи 40/3, бино 1, меҳмонхонаи «Тоҷикистон», тел: 89264550055
Вилояти Маскав, навоҳии шаҳрииДомодедово, 40 км А-105, бинои 3, меҳмонхонаи «Ибис», тел. 8 4956400451
Санкт-Петербург – Фурудгоҳи  Пулково, тел: 89775205886
Санкт-Петербург - Хиёбони Маскав, литер А, бино 7, ҳ. 40Н, тел: 89775205886
Новосибирск - Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420
Екатеринбург – кӯч. Техническая, бинои 35. Тел:  89175681253
Красноярск - Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск. Тел:  89161133599, 89035120420;
Иркутск - шаҳри Ангарск, микрорайони 11, бинои 19, офис № 4, тел: 89161133599, 89035120420;
Қазон - Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420
Уфа - Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420
Сургут – к. Георгий Кукуевитский, 15/1 тел: 89035120420
Краснодар - Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.