расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЗАНОЗАНӢ БО МУҲОҶИРОН БАЪДИ ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

ЗАНОЗАНӢ БО МУҲОҶИРОН БАЪДИ ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ (ВИДЕО)

Як садама дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо занозании байни муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва сокинони Русия анҷомид. Хабаргузории «Фонтанка бо такя ба манбаи худ дарм ақомоти интизомии Петербург хабар дод, ки садама ва сипас занозанӣ соати яки шаби 5 январ дар кӯчаи Караваевская дар ноҳияи Нева рух додааст. Дар пайи занозанӣ як муҳоҷири 36-сола аз Ӯзбекистонро бо захми корд аз ноҳияи шикам ва ронаш бистарӣ кардаанд. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса 8 нафар – 3 зодаи Ӯзбекистон, 2 сокини шаҳри Слантсии вилояти Ленинград ва се нафари дигар аз вилоятҳои Пензаву Воронеж ва шаҳри Великий Новгородро дастгир карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. Ба гуфтаи мақомот, дастгиршудаҳо ҳама ҷавон буда, аз 29 то 36 сол доранд.
Нисбат ба онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 20.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми “майдаавбошӣ” протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ё ҳадди аксар ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад. Аммо зодагони Ӯзбекистонро, ки дар Петербург бидуни сабти ном қарор доштаанд, метавонанд бар илова аз Русия ихроҷ ҳам кунанд.
 Ба гуфтаи манбаи “Фонтанка”, дар пайи садама ин афрод мехостанд тавассути занозанӣ гунаҳкорро муайян кунанд.
Канали РЕН ТВ видео аз маҳалли занозаниро низ нашр кардааст:





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.