расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Футболбоз Нуриддин Давронов бо пайравӣ аз даъвати Рустами Эмомалӣ дарахт шинонид

. / Ҷомеа

Футболбоз Нуриддин Давронов бо пайравӣ аз даъвати Рустами Эмомалӣ дарахт шинонид

Ӯ дар навори видеоии бахшида ба дастгирии экология иштирок кард.

Сурат: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ
Футболбози маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов дар навори видеоии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон иштирок карда, аз ҷавонон даъват намуд, ки ташаббуси раиси шаҳри Душанберо дар мавриди сабзгардонии пойтахт дастгирӣ кунанд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори”Азия-Плюс” ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи экология барояш хеле муҳим аст, “зеро Тоҷикистон ва аз ҷумла, пойтахти он хонаи умумии ҳар яки мост”.
“Ҳама дар хонааш рӯбучин карда онро тозаву ботартиб нигоҳ медорад, пас зарур аст, ки ба табиат ва ҳамаи он чизе, ки моро иҳота мекунад, низ чунин муносибат намуд”, - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи футболбоз, ӯ бо камоли мамнуният пешниҳоди Кумитаро дар наворбардорӣ қабул карда, ба ин васила талошҳои ба ҳифзи муҳити зист ва ғамхорӣ ба экология нигаронидашударо дастгирӣ менамояд.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти экологии Кумита, дар доираи иқдоми Рустами Эмомалӣ оид ба сабзгардонии пойтахт аз ҷониби ин ташкилот ва воҳидҳои зерсохтори он аллакай зиёда аз 6000 бех дарахт шинонида шудааст.
“Ин саҳми ман ба дастгирии ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба ободониву ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ҳар яке саҳм гузорад”, - гуфт Нуриддин Давронов.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ҳар кадоме аз сокинони шаҳри Душанбе бо қаноатмандӣ ба ин ташаббуси ғамхорона ва саривақтии раиси пойтахт пайравӣ хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.