расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус дар Тоҷикистон: 34 сироятёфта дар рӯзи якшанбе

. / Ҷомеа

Коронавирус дар Тоҷикистон: 34 сироятёфта дар рӯзи якшанбе

Шумори умумии шифоёфтагон 85,5%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus
То шоми 23 август дар Тоҷикистон 8 ҳазору 311 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзи якшанбе шумори сироятёфтагон дар умум 34 нафар афзуд.
Гуфта мешавад, аз оғози пандемия теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ 66 нафарро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки ҳамзамон, то ин дам дар мамлакат  7 ҳазору 108  нафар (85,5%)    аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 80 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 36 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
Дар ҳамин ҳол, директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус бар ин назар аст, ки барои пирӯзӣ ба пандемияи коронавирус на камтар аз ду сол вақт лозим мешавад.
Рӯзи 21 август ӯ чунин изҳори назар намуда, пандемияи SARS-CoV-2-ро ба зукоми испании солҳои 1918-1920 муқоиса кардааст. Дар ҳамин ҳол, хотиррасон кардааст, ки соли 1918 пандемияи зукоми “испанӣ”, ки ба марги миллионҳо боис гардид, тӯли ду сол идома ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.