расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки воксини коронавирусро аз кӣ мехарад

. / Ҷомеа

Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки воксини коронавирусро аз кӣ мехарад

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузаштаи сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе барои воридоти воксини русӣ бо Маскав вориди гуфтугӯ шудааст.

Сурат: аз сайти fergana.news
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин ниҳод аз кадом кишвар воксини алайҳи коронавирусро мехарад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба хабаргузории русии РИА Новости гуфта буд, ки Тоҷикистон барои воридоти воксини навъи "Спутник V"-и истеҳсоли Русия бо мақомоти кишвараш вориди гуфтугӯ шудааст.
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин хабарро бепоя медонад.
Интизор меравад Тоҷикистон танҳо баъди озмоиши марҳилаи сеюми воксини зидди коронавируси Русия тасмими ба даст овардани онро хоҳад кард. Тавре аз маркази матуботии Вазорати тандурустӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, баъди тасдиқ гардидани озмоиши охирони воксин масъалаи дастарс намудани он мавриди гуфтугӯ хоҳад шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки дар масъалаи воридоти воксин бо Вазорати тандурустӣ ҳамкорӣ мекунанд ва шарту шароити ворид кардани онро ин ниҳод хубтар медонад.
Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, воксини Русия охирон марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро бояд гузарад ва Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.
«Тавре шумо медонед, воксинаи Русия аз ду марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки охирон марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии воксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳоро барои харидории он оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, - гуфтанд масъулони дафтари матбуоти вазорат.
Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки Тоҷикистон дар доираи як механизми Иттиҳоди ҷаҳонии воксин ва масунсозӣ (GAVI) бо номи COVAX ҳамкориро оғоз кард, ки қарор аст дар доираи ин 1,8 миллион ё 20 дар сади аҳолии Тоҷикистон бо воксини ройгон таъмин шаванд.
Аммо вазири тандурустӣ нагуфтааст, ки Тоҷикистон ин воксинро аз куҷо дарёфт мекунад ё мехарад.
Вазири тандурустӣ ҳамчунин гуфтааст, ки “ғайр аз ин, барои харидории ваксина аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ  3 миллион доллар ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст”.
Ҳоло вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон барои дарёфти воксини зидди коронавирус баъди исботи самаранокии воксина ба Русия дархост хоҳад фирист.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло  дар Вазорати тандурустӣ гуруҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии воксин барои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, пеш аз ҳама, воксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.
Ҷамолиддин Абдуллозода ҳам гуфтааст, ки дар доираи ташаббуси COVAX пеш аз ҳам “кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ” воксин зада мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.