расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Кумаки техникии AKDN ба ВКД Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Кумаки техникии AKDN ба ВКД Тоҷикистон

Маблағи ин қисмати кумак зиёда аз 166 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.


Дар шаҳри Душанбе, дар бинои Раёсати Мубориза бо ҷиноятҳои Муташаккили Вазорати Корҳои Дохилӣ маросими рӯзи 31 декабри соли 2020 интиқоли таҷҳизотҳои техникӣ бо иштироки намояндаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ҷаноби Ғарибшо Суфишоев ва Сардори Раёсати Ҳамкориҳои Байналмилалӣ ҷаноби Носирзода Анвар, инчунин полковник милисия Қаландарзода С.Н баргузор гардид.

Ин қисми кӯмаки молиявии зиёда аз 166 ҳазор сомонӣ аст, ки Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба Вазорати Корҳои Дохилӣ дар доираи барномаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил пешниҳод кардааст. Таҷҳизотҳои техникӣ аз компютерҳои руимизӣ, ноутбук, проектор,  телевизиор ва дигар қисмҳо иборат буда, онҳо ба беҳтар намудани фаъолияи кории Раёсати Мубориза бо Ҷиноятҳои Муташаккил мусоидат хоҳанд намуд.  

Ғайр аз ин, дар рузҳои наздик аз тарафи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ҳамчун иқдоми башардустона барои дастрас намудани тӯҳфаҳои солинавӣ ба фарзандони бартарафкунандагони  садамаи неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва ба хона интернати кудаконаи бемориҳои руҳии Чорбоғи Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки моддӣ расонда шуд.  

AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи хадамотҳои AKDN ин мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, рушди сиёсии устувор ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.