расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Нархи шиноснома аз 1 январ боз баланд шуд

. / Ҷомеа

Нархи шиноснома аз 1 январ боз баланд шуд


Маблағи тамдиди муддати эътибори шиносномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва литсензияҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 зиёд карда шуд, гузориш медиҳанд расонаҳо.
Акнун маблағи тамдиди муддати эътибори шиносномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин барои сабти номи Созмони байналмилалӣ бояд 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард, дар ки ин рақам қаблан 5 ҳазору 600 сомонӣ буд.
Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.
Ҳазинаи дарёфти гувоҳинома барои мутақозиёни фаъолият дар бахши хусусии Тоҷикистон низ аз 58 сомонии қаблӣ ба 60 сомонӣ расидааст.
Дар маҷмӯъ, арзиши пардохтҳо дар ҳамаи шӯъбаҳо барои баровардан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба мизони 3,4 фоиз дар муқоиса бо соли 2020 афзудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.