расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ШАРМ ҲАМ НАМЕКУНАНД… БОЗ ЯК МАНСАБДОРИ ПОРАХӮР БО ҶАРИМА ОЗОД ШУД

. / Ҷомеа

ШАРМ ҲАМ НАМЕКУНАНД… БОЗ ЯК МАНСАБДОРИ ПОРАХӮР БО ҶАРИМА ОЗОД ШУД

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзи 18 декабр собиқ сардори раёсати молияи ин шаҳр Камолҷон Азимиро, ки ба гирифтани пора айбдор мешуд, 232 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, пас аз ҳудуди се моҳи ҳабс аз толори суд озод кард. Камолҷон Азимӣ ба он айбдор мешуд, ки тибқи як шартномаи тендерӣ ба суратҳисоби ширкати “Ободонии ватан” – и шаҳри Хуҷанд аз маблағҳои буҷетӣ 510 ҳазор сомонӣ интиқол дода, дар иваз аз намояндаи ин ширкат Нозимов А. 31 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. “Ободонии ватан” бояд дар ивази ин ним миллион сомонӣ барои маркази саломатии шаҳри Панҷакент барои ташхиси бемории коронавирус таҷҳизоти рентгении муосир дастрас мекард.
Парвандаи Азимӣ яке аз нахустин парвандаҳои порагирии мансабдорон аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда барои мубориза бо коронавирус буд, ки то ба додгоҳ расид, вале ба қавли манобеи огоҳ, “обу лой” шуд.
Масъалаи ҷазоҳои сабук ба мансабдорони муттаҳам ба гирифтани пора, дар аксари мавридҳо ҳамчун қаллобӣ банду даст шудани ин парвандаҳо як масъалаи ҷиддиест, ки кайҳо таваҷҷуҳи хоси мақомоти болоии давлати Тоҷикистонро талаб мекунад. Нозирони умур мегӯянд, чунин парвандаҳо худ ба як манбаи ҷиддии коррупсия табдил ёфтаанд ва судяҳову муфаттишони “корчаллон” дар ивази пораву ришва мансабдорони муттаҳам ба порахӯрӣ бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мекунанд.
Коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо чунин “раҳмдилӣ” нисбат ба мансабдорони муттаҳам ба ришвахорӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки ба як марази фарогир табдил ёфтааст, пирӯз шавад. Тоҷикистон ҳоло дар гузоришҳои байналмилалӣ дар байни 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

Пора калону ҷарима калонтар: сардори раёсати молияи Панҷакент озод шуд

Суди шаҳри Панҷакент собиқ сардори раёсати молияи ин шаҳрро ба маблағи ҳудуди 230 ҳазор сомонӣ ҷарима ва озод кардааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Азимӣ Камолҷон Оқилзода, сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент тибқи як шартномаи тендерӣ ба суратҳисоби ширкати “Ободонии ватан” – и шаҳри Хуҷанд аз маблағҳои буҷетӣ 510 ҳазор сомонӣ интиқол дода, аз намояндаи ин ширкат Нозимов А. 31 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Ин маблағ барои харидорӣ кардани таҷҳизоти рентгении рақамӣ барои Маркази саломатии шаҳри Панҷакент, ки барои ташхиси бемории “вируси корона” ё COVID – 19 пешбинӣ шудааст, ҷудо шуда буд. Аммо сардори раёсати молия аз намояндаи ширкати “Ободонии ватан” талаб кардааст, ки як қисми маблағро ба ӯ диҳад”, – гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба ин манбаъ, 21 сентябри соли равон Камолҷон Азимӣ аз сӯи кормандони прокуратураи шаҳри Панҷакент боздошт ва 24 сентябр алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 319, қисми 1 – Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – гирифтани пора, парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.
“Дар пайи боз шудани парванда сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакент ба ҳабс гирифта шуд”, – гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, прокуратураи шаҳри Панҷакент тафтишоти пешакии ин парвандаро 26 ноябри соли равон такмил карда, ба суди ин шаҳр фиристод.
Намояндаи ширкат ҳамчун ҷабрдида ба ҷавобгарӣ кашонда нашуд”, – гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон. Рӯзи 18 декабри соли равон, суди шаҳри Панҷакент Камолҷон Азимӣ, собиқ сардори раёсати молияи шаҳри Панҷакентро 232 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, пас аз ҳудуди се моҳи ҳабс аз толори суд озод намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.