расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13 ҳазор нафар наздик мешавад

. / Ҷомеа

Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13 ҳазор нафар наздик мешавад

Тедоди умумии шифоёфтагон ҳудуди 96%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
То субҳи рӯзи 21 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 960 нафар расид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта дар ҷумҳурӣ 72 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз бемории коронавирсу аз оғози пандемия 89 нафарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 80 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 12 ҳазору 413 нафар ё худ 95,8%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ният доранд, ки ваксиназании оммавии шаҳрвандонашонро ба роҳ монанд. Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки то исботи самаранокии ваксина, Тоҷикистон онро хариданӣ нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.