расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВКД сару садоҳои нав шудани шиносномаҳоро рад кард

. / Ҷомеа

ВКД сару садоҳои нав шудани шиносномаҳоро рад кард


Сурат: passportvkd.tj
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи иваз шудани шиносномаҳоро дар соли 2021 беасос хонд. Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо асос надоранд.
Зумрад Абдуллозода рӯзи 15-уми декабр ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо воқеӣ нестанд.
"Ин гуна ният нест. Дар мо ҳоло танҳо иваз кардани шиносномаҳои шаҳрвандии намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (IC-корти идентификатсионӣ) рафта истодаасту халос",-мегӯяд ин масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД.
Сару садоҳои иваз шудани шиноснома чанд вақти ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Аз ҷумла яке аз хонандаҳои "Азия-Плюс" бо мо тамос гирифтаву гуфт, ки "гуфта мешавад дар Тоҷикистон соли 2021 шиносномаҳо иваз мешаванд ва шиносномаи шаҳрвандиву шиносномаи хориҷӣ яке мешаванд". 
Ин хонанда ҳамчунин гуфт, ки яке аз наздиконашон дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунад ва ин нуктаро ӯ гуфтааст. 
Дар Тоҷикистон баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ се бор шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ду бор шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ тағйир ёфтааст. 
Аз соли 2014 ба ин сӯ намунаи нави шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё IC-корти идентификатсионӣ ҷорӣ шуд, ки тибқи иттилои ВКД то моҳи сентябри имсол 3 млн. 512 ҳазору 718 нафар онро гирифтаанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.