расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хуҷандро дарахтони шоҳбулут ва сарви аризонӣ оро хоҳанд дод

. / Ҷомеа

Хуҷандро дарахтони шоҳбулут ва сарви аризонӣ оро хоҳанд дод

Гули лола дар боғи Камоли Хуҷандӣ то ба 300 ҳазор бех расонида мешавад.

Сурат: Аксҳо аз Баҳром Файзуллоев, Asia-Plus
Якшанбеи ҳафтаи сипаригардида раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва ҳудуди майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, нахуст дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр беш аз 70 ниҳоли дарахтони шоҳбулут (каштан) шинонида шуданд, ки онҳо дар ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу  шаҳомати хосса  мебахшанд.
Гуфта мешавад, дар Боғи Камоли Хуҷандӣ анвои гуногуни пиёзакҳои гули лола шинонида шуданд, ки миқдори он дар ин боғи фароғатӣ то ба 300 ҳазор расонида мешавад. Маълумот дода шуд, ки дар мавсими имсола беш аз 3 миллион дона пиёзаки гули лола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинонида мешавад.



1/4
Зикр мегардад, ки сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Тоҷикистон 50 бех ниҳолҳои барқади сарв (кипарис)-и аризонӣ шинонида шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.