расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бӯстон: таъсиси 7 гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳи истифодаи сарфакоронаи барқ

. / Ҷомеа

Бӯстон: таъсиси 7 гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳи истифодаи сарфакоронаи барқ

Аз рӯзи 10 декабр аҳолӣ мунтазам бо барқ таъмин мешавад.

Машварати кории раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода
Сурат: аз муаллиф
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои шарҳи истифодаи дуруст ва сарфакоронаи неруи барқ ба аҳолӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шуданд.
Гурӯҳҳои корӣ дар ҷараёни машшварати раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо иштироки ҳамаи сохторҳои дахлдори шаҳри Бӯстон таъсис дода шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдорӣ Мамнур Нурзода.

Раъно Ҳошимзода, аз ҷумла хотиррасон намуд, ки ҳанӯз моҳи июли соли равон ҳукумати кишвар дар бораи зарурати истифодаи сарфакоронаи барқ ба аҳолӣ муроҷиат карда буд.

“Аз рӯзи 10 декабр интиқоли мунтазами барқ ба аҳолӣ оғоз гардида, акнун мову шумо вазифадорем, ки ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи барқ аз ҷониби аҳолӣ, шарҳи муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар ин хусус мусоидат намоем”, - гуфт раиси шаҳр.
Ба гурӯҳҳои кории иборат аз намояндагони дастгоҳи раиси шаҳр, шабакаҳои барқ ва хадамоти оташнишонӣ, нозирони минтақавии милитсия, ходимони дин, раисони маҳаллаҳову фаъолон дастур дода шуд, ки аз ҳамаи имконоти мавҷуда истифода бурда, ҳамарӯза байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Бо ин мақсад дар маҳҳалаҳои шаҳр мошинҳои махсус бо баландгӯяк равуо намуда, ба аҳолӣ тарзи дурусти истифодаи сарфакоронаи барқро шарҳ медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.