расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Имрӯз дар Душанбе хатсайри троллейбуси №11 ба фаъолият оғоз менамояд

. / Ҷомеа

Имрӯз дар Душанбе хатсайри троллейбуси №11 ба фаъолият оғоз менамояд

Шурӯъ аз  имрӯз, 14 декабр дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  хатсайри троллейбуси №11, ки маҳаллаи 82 – Боғи С.Айниро дар бар мегирад, ба фаъолият оғоз менамояд. 
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар хатсайри мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки  11 декабр, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” — и Ҷумҳурии Белорус мебошанд.
Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.
Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.
Ҳамчунин троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст.
Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» омодаи кор мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.