расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МОТАМ ДАР ОИЛАИ БУРАК ДЕНИЗ

. / Ҷомеа

МОТАМ ДАР ОИЛАИ БУРАК ДЕНИЗ


Бурак Дениз, ҳунарманди 29-солаи турк охири моҳи ноябри соли равон падарашро аз даст дод ва расонаҳо менависанд, ки ӯ дар ҷанозаи падараш иштирок накардааст.
Теоман Дениз, падари ҳунарманд дар шаҳри Измири Туркия зиндагӣ мекард ва аз сактаи ногаҳонии қалб ҷон дода, дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудааст. Дар матбуоти даврии Туркия хабарҳое паҳн шудаанд, ки гӯиё ҳунарманд бо падараш муносибати хуб надоштааст ва ба ҳамин хотир, дар маросими дафни ӯ ширкат наварзидааст. Чанде қабл хабарнигорон бо Бурак Дениз замони аз толори варзишӣ берун шуданаш вохӯрда, аз ӯ сабаби дар ҷанозаи падараш иштирок накарданашро пурсидаанд. “Дӯстони азиз, ҳодиса он тавре нест, ки дар матбуоти даврӣ менависанд. Ман танҳо сари вақт дар ҷанозаи падарам иштирок карда натавонистам, аммо баъдтар бо ӯ видоъ кардам. Миёни мо ҳеҷ нофаҳмие вуҷуд надошт”,-менависад хабаргузории “Кинотека” аз қавли ҳунарманд. Ёдовар мешавем, ки падару модари ҳунарманд замони хурдсол будани ӯ аз ҳам ҷудо шуда, Бурак бо модару бобои модарияш зиндагӣ мекард. Соли 2014 ҳунарманд модарашро, ки ба бемории саратон гирифтор буд, низ аз даст дода буд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/motam-dar-oilai-burak-deniz

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.