расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Муҷозоти як ронандаи ҷавон дар Душанбе барои кирдори ғайриахлоқӣ ва таҳқири як ҷавонзан (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

Муҷозоти як ронандаи ҷавон дар Душанбе барои кирдори ғайриахлоқӣ ва таҳқири як ҷавонзан (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки бо қарори додгоҳ Хушбахт Бобобеков, сокини 24-солаи кӯчаи Фирдавсии пойтахт бо ҷурми майдаавбошӣ ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ба гуфтаи мақомот, Бобобеков, рӯзи 4 декабр, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо мошини “Опел Астра”-аш як ҷавонзанро таъқиб карда, ӯро бо алфози қабеҳ озор додааст.
Дар видеое, ки мақомоти милитсия нашр карданд, дида мешавад, ки чӣ гуна ронандаи “Опел” талош мекунад, ки худро ҳамсинфи як ҷавонзани роҳгузар вонамуд карда, аз даруни мошин ба ӯ гап партояд. Вале вақте ҷавонзан мегӯяд, ки ӯро намешиносад ва ба гаппартоиҳояш эътино намекунад, ронанда ӯро дашном дода, мошинашро бо шаст меронад ва фирор мекунад.
Ин нахустин чунин мавриди муҷозоти мардон дар Душанбе барои таҳқири занон нест.
Ҳафтаи гузашта гузориш шуда буд, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Шералӣ Кенҷаев бо ҷурми ҳамла ба шоираи шинохта Адибаи Азиз ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 460-уми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикстон дар майдаавбошӣ гунаҳкор донист. Раёсати корҳои дохилӣ гуфт, Шералӣ Кенҷаев шаби 18 ноябр дар кӯчаи Анзоб ба Адибаи Азиз дарафтода, нисбаташ рафтори дағалона кардаву бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.
Қаблан РВКД Душанбе бар асоси дастури шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳатто як гуруҳи вижае таъсис дода буд, ки мавридҳои таҳқиру озори занону духтарон дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро таҳқиқ мекард. Дар ҷараёни фаъолияти ин гуруҳ даҳҳо мард, асосан ронандагон, бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон ба ҷавобгарӣ кашонда шуданд.

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронанда барои кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва таҳқири ҷавонзан

Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе, ки истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 0061 вн 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда ронандаи автомашинаи мазкур ӯро таъқиб ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст.
Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ронандаи автомашиинаи тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 0061 вн 01, шаҳрванд Бобобеков Хушбахт Рустамович санаи таваллудаш 29. 11. 1996, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ мебошад, ки боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи 4-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи худ ҷавонзани муроҷиаткунандаро, ки роҳгузар буд, таъқиб бо алфози қабеҳ озор додаст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Бобобеков Хушбахт тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд аз санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.