расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эмомалӣ Раҳмон ба 120 корманди КДАМ хона ва ҷиҳози рӯзгор туҳфа кард (101 АКС)

. / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон ба 120 корманди КДАМ хона ва ҷиҳози рӯзгор туҳфа кард (101 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 декабр дар маросими ифтитоҳи ду бинои нави истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе иштирок карда, ба 120 корманди КДАМ калиди хонаҳои навро супурда, ба онҳо ҳамчунин ҷиҳози рӯзгор, аз қабили телевизор, яхдон ва мошини ҷомашӯӣ туҳфа кардааст. Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки ин ду бинои нав аз 12 қабат ва 124 манзил иборат буда, бо ду лифт ва дастрасӣ ба шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошанд. Гуфта мешавад, ки ин ду биноро дар тӯли се сол “бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ” сохтаанд ва “саҳни биноҳои нави истиқоматӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро ёфта, майдонча барои бозиву дилхушии кӯдакон ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд карда шудааст.”
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 декабр дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ ҳамчунин барои сохтмони як бинои истиқоматии 16қабата бо 128 манзил санги асос гузоштааст.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 декабр ҳамчунин дар расми ифтитоҳи дубораи Кохи “Ваҳдат” баъд аз тармиму бозсозиаш иштирок варзидааст.
Ҳамин тавр, имрӯз ба Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 36 автобус ва 69 троллейбуси нави сохтаи  ширкати “Акиа Ориё”-ро муаррифӣ кардаанд.
Автобусҳои 8метрии ин ширкат барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, корхонаи муштарак то охири соли равон дар маҷмӯъ 50 адад автобус бандубаст бояд кунад.
Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонад.
Дар қисми болоии дохили автобусҳои нав мониторҳои калонҳаҷм насб шудааст, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мегарданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 250 то 300 адад автобус буда, соли 2018 дар ин корхона 200 ва соли 2019, 100 адад автобуси харидаи шаҳрдории Душанбе банду баст карда шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.