расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Худдории Амрико аз эълони таҳримот нисбат ба Тоҷикистон ба далели “манфиатҳои муҳими миллӣ”

. / Ҷомеа

Худдории Амрико аз эълони таҳримот нисбат ба Тоҷикистон ба далели “манфиатҳои муҳими миллӣ”

афорати Амрико дар Душанбе рӯзи 11 декабр дар як шарҳи вижа гуфт, котиби давлатии Амрико Майкл Помпео аз истифодаи амалҳо нисбат ба Тоҷикистон дар робита ба поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои динӣ худдорӣ кардааст. Сафорат мегӯяд, котиби давлатии Амрико аз 10 давлати ба рӯйхатти сиёҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос”  шомилшуда нисбат ба Бирма, Чин, Эритрея, Эрон ва Кореяи шимолӣ “амалҳои президентӣ”, яъне таҳримоти Амрикоро тамдид кардааст. Вале дар айни замон, “котиби давлатӣ барои Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон раддияи “Амалиёти президентӣ” содир кард ва муайян кард, ки “манфиатҳои муҳими миллии Иёлоти Муттаҳида истифодаи чунин ваколати радкуниро талаб мекунанд”, ки аз ҷониби Қонун оид ба озодии байналмилалии дин иҷозат дода шудааст.”
Майкл Помпео рӯзи 7 декабр ин 10 кишвари зикршуда, аз ҷумла Тоҷикистонро дар чорчӯби Қонуни соли 1998 дар бораи эътиқод «барои иштирок ваё таҳаммул кардани «поймолкунии муназзам, давомдор ва изтиробовари озодии эътиқод» ба рӯйхатти сиёҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос”-и Амрико шомил кард.
Помпео гуфт, “Амрико ҳамчунон ба сурати хастагинопазир талош хоҳад кард, то ба таъқиботу нақзи ҳуқуқ дар заминаҳои динӣ дар саросари ҷаҳон нуқта гузорад ва ба ин мусоидат кунад, ки ҳар инсон, дар ҳар макон ва дар ҳар замон ҳаққи зиндагӣ бар асоси эътиқодашро дошта бошад.”
Тоҷикистон аз соли 2016 ба таври доим барои саркӯби озодиҳои динӣ дар рӯйхатти сиёҳи Амрико қарор мегирад. Вошингтон бояд нисбат ба кишварҳое, ки дар рӯйхатти сиёҳ меафтанд, таҳримот ҷорӣ кунад, вале эълони таҳримот нисбат ба Тоҷикистонро ҳар сол ба таъхир мегузорад.
Департаменти давлатии Амрико рӯйхатти “кишварҳои мавриди нигаронии хос”-ашро ҳар сол бар асоси гузоришҳои солонаи Комиссияи амрикоии озодиҳои динии байналмилалӣ (USCIRF) тартиб медиҳад. Дар гузориши ахири ин ниҳод Тоҷикистон бавижа барои идомаи маъракаҳои бастани масҷидҳо, маҷбуран тарошидани риши мардон, манъи пӯшидани ҳиҷоб, манъи рафтани наврасони то синни 18 ба масҷидҳо, саркӯби пайравони равияи масеҳии “Шоҳидони Яҳво” ва мавридҳои дигари поймол кардани ҳуқуқи мазҳабии сокинон шадидан танқид шуда буд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 9 декабр дар як изҳорот аз дигарбора шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои саркӯбгари озодиҳои динӣ изҳори нигаронӣ ва норозигӣ карда, гуфт, хулосаи департаменти давлатии Амрико асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад”.
Кумитаи дину ойини Тоҷикистон  гуфт, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани мамлакати мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист.”
Кумитаи дин аз вазорати хориҷаи Амрико даъват кард, ки барои омӯхтани вазъи воқеӣ дар робита ба риояи озодиҳои динӣ як ҳайъати худро ба Тоҷикистон бифиристад.
Матни пурраи шарҳи сафорати Амрико дар Душанбе чунин аст:

Ҳукуматҳое, ки ҳамчун “кишварҳои мавриди нигаронии хос” таъин шудаанд, мавриди амалҳои президент қарор мегиранд ё маҳдудиятҳое, ки метавонанд чораҳои иқтисодӣ ё сиёсиро, ки бар зидди ҳукумат барои ҳавасмандгардонии вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар равона шудаанд, дар бар гиранд.

Котиби давлатӣ аз идомаи “Амалҳои президентӣ” барои Бирма, Чин, Эритрея, Эрон ва Кореяи Шимолӣ хабар дод.

Котиби давлатӣ барои Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон раддияи “Амалиёти президентӣ” содир кард ва муайян кард, ки “манфиатҳои муҳими миллии Иёлоти Муттаҳида истифодаи чунин ваколати радкуниро талаб мекунанд”, ки аз ҷониби Қонун оид ба озодии байналмилалии дин иҷозат дода шудааст. 

Мо ташаббусҳои кишварҳои таъиншуда ва фаъолони ғайридавлатиро барои баланд бардоштани эҳтироми онҳо ба озодии дин истиқбол мекунем. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ӯҳдадор аст, ки бо ҳукуматҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва пешвоёни динӣ барои пешрафти озодиҳои динӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ кунад.

Соединенные Штаты принимают меры против нарушителей религиозной свободы

ЗАЯВЛЕНИЕ ДЛЯ ПРЕССЫ
Майкл Р. Помпео, государственный секретарь
7 декабря 2020 года
Религиозная свобода – это неотъемлемое право и основа, на которой строятся и процветают свободные общества. Сегодня Соединенные Штаты – страна, основанная теми, кто бежал от религиозных преследований, как отмечалось в недавнем докладе комиссии по неотъемлемым правам, – вновь приняли меры для защиты тех, кто просто хочет воспользоваться этой существенной свободой.
Соединенные Штаты выделяют Бирму, Китай, Эритрею, Иран, Нигерию, КНДР, Пакистан, Саудовскую Аравию, Таджикистан и Туркменистан в качестве стран, вызывающих особую озабоченность в соответствии с международным законом О свободе вероисповедания 1998 года с внесенными в него поправками, за участие или терпимость к “систематическим, продолжающимся, вопиющим нарушениям свободы вероисповедания”.”
Мы также включаем Коморские острова, Кубу, Никарагуа и Россию в специальный список наблюдения за правительствами, которые занимались или допускали “серьезные нарушения религиозной свободы”. Кроме того, мы определяем “Аш-Шабааб”, “Аль-Каиду”, “Боко Харам”, “Хайят Тахрир аш-Шам”, хуситов, ИГИЛ, ИГИЛ- Большая Сахара, ИГИЛ-Западная Африка, Джамаат Наср аль-Ислам Валь Муслимин и Талибан в качестве субъектов, вызывающих особую озабоченность в соответствии с международным законом О свободе вероисповедания Фрэнка Р. Вольфа от 2016 года.
Мы не возобновили прежние определения в отношении “Аль-Каиды” на Аравийском полуострове и “ИГИЛ-Хорасан” в связи с полной потерей территории, ранее контролируемой этими террористическими организациями. Хотя эти две группы больше не соответствуют установленным законом критериям для обозначения, мы не успокоимся, пока полностью не ликвидируем угрозу нарушения религиозной свободы любыми насильственными экстремистскими и террористическими группами.
Есть и позитивные сдвиги, которыми можно поделиться. Я рад объявить, что Судан и Узбекистан были исключены из специального списка наблюдения на основе значительного, конкретного прогресса, достигнутого их соответствующими правительствами за последний год. Их смелые реформы законов и практики служат образцом для подражания другим народам.
И все же наша работа далека от завершения. Соединенные Штаты будут продолжать неустанно работать над тем, чтобы положить конец религиозно мотивированным злоупотреблениям и преследованиям во всем мире и помочь обеспечить, чтобы каждый человек, везде и во все времена, имел право жить в соответствии с диктатом совести.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.