расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Баррасии ба Ӯзбекистон додани мақоми нозир дар ИИАО

. / Ҷомеа

Баррасии ба Ӯзбекистон додани мақоми нозир дар ИИАО

Олий Маҷлис иштироки кишварро дар фаъолияти ИИАО ба сифати нозир маъқул донист.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар нишасти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар шакли видеоконфронс иштирок мекунад, менависад kun.uz.
Дар кори конфронс сарони кишварҳои узви ИИАО - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон, инчунин кишвари нозири Иттиҳод - Молдова ва кишвари даъватшуда - Куба ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, яке аз масъалаи меҳварии рӯзномаи нишаст ба Ӯзбекистон додани мақоми давлати нозир дар Иттиҳод мебошад.
Дар назар аст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар нишаст самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи Иттиҳод шарҳ хоҳад дод.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод дар бораи иштироки кишварро дар фаъолияти ИИАО ба сифати нозир маъқул донист.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.