расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ШЕРЗОД МАРО ҲОМИЛАДОР КАРДУ БА ГАРДАН НАГИРИФТ

. / Ҷомеа

ШЕРЗОД МАРО ҲОМИЛАДОР КАРДУ БА ГАРДАН НАГИРИФТ

 
Ҳар гоҳ дар сомонаи «Оила» дар бораи ягон духтараки фиребхӯрда чизе нависанд, хонда зор-зор гиря мекунам, чунки ман ҳам моҳи бе айб нестам. Бо ихтиёри хадам номусамро ба дӯстдоштаам бахшидам, ба умеде, ки Шерзод маро ба занӣ мегирад, вале…
Вақте ҳомиладор шуданамро ба ӯ гуфтам, Шерзод девонавор дод зад: «Занҳои шавҳардор дар 5-6 сол таваллуд карда наметавонанду ту бошӣ дар як моҳ ҳомиладор шудӣ?!» Гиря карда гуфтам: «Бовар надошта бошӣ, биё ҳардуямон ба духтурхона рафта якҷоя УЗИ мекунем.»

Дамаш бо шунидани ин гап ба қавли кампиракон гашта, ваъда дод, ки ягон духтури шиносро ёфта маро ба наздаш мебарад ва исқоти ҳамл намуда, як моҳ пас ба хонаамон хостгор мефиристаду бо тӯю тамошо никоҳ карда мегирад. Мани сода ба гапаш бовар кардам, вале як моҳ пас ошиқи номардам якбора ғайб зад. Шерзодро аз ягон ҷо наёфта ба хонаашон рафтам.

Волидонаш гуфтанд, ки Русия рафтааст. Бо дили ғамбор ба хона баргаштам. Аламу тарси шармандагӣ маро аз зиндагӣ ба тамом дилсард гардонд. Дигар ҳатто ба дарс намерафтам. Модарам дамдузду одамгурез шудани маро дида кунҷкобӣ намуд, баҳона пеш овардам, ки асабҳоям андак хароб шудаанд. Ҳоламро танҳо худам медонистаму худо, на хӯрок мехӯрдам, на бо аҳли оила менишастам, корам шабу рӯз танҳо сарамро ба болин зер карда, Шерзодро дуоҳои бад карда, гиристан буд. Шикамам торафт калонтар мешуд ва ҳамраҳаш тарсу ҳароси ман низ меафзуд. Барои он ки пайвандонам ҳомиладориамро пай набаранд, шикамамро ҳамеша бо рӯймоли калон маҳкам баста мегаштам. Билохира косаи сабрам лабрез шуд, қарор додам, ки худамро кушта аз ин дарду азоби алим халос мешавам.

Ҳамин қадарашро ёд дорам, ки чӣ хел раги дастонамро бо лезва буридам, дигар чӣ шуд, намедонам. Як вақт чашмонамро кушода дар болои сарам одамони сафедпӯшро дидам. Гумон кардам, ки аллакай дар он дунё ҳастам, вале хаёлам хом баромад. Мани гунаҳкорро ҳатто марг ҳам қабул накарда, зинда монда будам, то шармандагиам фош ва расвою ради маърака шавам.

Духтурон баъди ба худ омаданам шиками маро ба модарам нишон дода гуфтанд: «Духтаратон ҳомиладор аст, шояд аз тарси шармандагӣ қасди худкушӣ намудааст!» Ин гапро шунида дуд аз димоғи модарам баромад. Қариб монда буд, ки дар ҳамон беморхона маро бо дастони худаш буғӣ карда кушад. Фош гаштани сирри ҳомиладориам маро дар зиндагӣ бемуттако кард. Падарам «ту обрӯи маро резондӣ» гуфта оқам кард, бародарону хоҳаронам аз ман рӯй тофтанд, модарам «ҳамаи моро шарманда кардӣ» гуфта ба рӯям туф карда баромада рафт. Фиғон кашида аз пасашон давидам, аммо ба пасашон ҳатто нигоҳ накарда рафтанд. Ягона касе, ки аз ман рӯй натофт, холаам аст. Ҳоло дар хонаи холаам зиндагӣ карда истодаам, вале намедонам баъди таваллуд кардан бо кӯдаки ҳаромиам ба куҷо мерафта бошам.
Хатои маро такрор накунед дугонаҳои азиз, чунки оқибати ишқбозӣ шармандагию бадномию нокомӣ будааст…
Ганҷина, н. Рӯдакӣ
подробнее тдж: https://oila.tj/news/sherzod-maro-omilador-kardu-ba-gardan-nagirift

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.