расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Аксияи “Беҳдошти саломатии шаҳрвандон” дар ВМКБ

. / Ҷомеа

Аксияи “Беҳдошти саломатии шаҳрвандон” дар ВМКБ

1308
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ва хуруҷи дигар бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ дар маркази шахри Хоруғ аксия барои беҳдошти саломатии шаҳрвандон гузаронида шуд. Ба сокинон ва меҳмонон дар маркази шаҳри Хоруғ барои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии Ковид -19, ки имрӯзҳо авҷи дуюми он дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад, зиёда аз ҳазор адад ниқобҳо ройгон таксим карда шуд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз таҷрибаи дигар кишварҳо ва чораандешиҳои давлат хатари бемориҳои сироятиро хуб дарк карда, тибқи тавсияи табибон амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоянд. Кушишу заҳматҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он равона гашта истодааст, то саломатии шаҳрвандон аз ҳама гуна бемориҳо муҳофизат карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.