ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи 10 кишвари поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ боқӣ гузошт
Барои пешравии тайи соли ахир дар ин самт, Ӯзбекистон аз ин рӯйхат хориҷ шуд.
Сурат: washingtonpost.com
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи поймолкунандагони озодии дину эътиқод чораҷӯӣ мекунад, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар торнамои Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст.
Дар рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ мисли пешина дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон зикр шудаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии доимӣ, идомадошта ва тоқатнопазир” ин кишварҳо боиси нигаронии ҷиддии Департаменти давлатӣ мебошанд.
Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва Русия, ки мувофиқи арзёбии Вазорати умури хориҷаи ИМА ба “поймолкунии ҷиддии озодиҳои динӣ” роҳ додаанд ё роҳ медиҳанд, дар рӯйхати мазкур зикр шудаанд.
Ғайр аз ин, дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқҳои динӣ аз ҷониби ташкилотҳое чун”Ал-Шабоб”, “Ал-Қоида”, “Боко Ҳарам”, “Хайят Таҳрир аш-Шам”, Хуситҳо, ДОИШ ва воҳидҳои он дар Африқо, Ҷамоати Наср ал-ислом вал-Муслимин ва Толибон низ изҳори нигаронӣ мешавад.
Судон ва Ӯзбекистон “бар асоси пешравии назаррасу мушаххаси ҳукуматҳояшон тайи соли охир” аз рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқҳои динӣ хориҷ шуданд.
Зикр мегардад, ки ислоҳоти дар ин кишвар суратгирифта барои дигар кишварҳо намунаи ибрат шуда метавонанд. Дар изҳорот илова мешавад, ки ИМА минбаъд низ баҳри хотима бахшидан ба суистифода ва таъқибот аз рӯйи аломатҳои динӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.