расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дастгирии бозингарони мунтахаби наврасон ва ҷавонони футбол аз иқдоми Рустами Эмомалӣ

. / Ҷомеа

Дастгирии бозингарони мунтахаби наврасон ва ҷавонони футбол аз иқдоми Рустами Эмомалӣ

Дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ сурат гирифтанд.

Сурат: Аксҳо аз ФФТ
Бозингарони мунтахаби наврасон (U-16) ва ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар чорабинӣ оид ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе иштирок карданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ раҳбарият ва кормандони Федератсия, инчунин намояндагони ҳайати доварон низ саҳм гузоштанд.
Гуфта мешавад, чорабинӣ дар доираи иқдоми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди ободонӣ ва табдили пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри сабз гузаронида шуд.
Қобили зикр аст, ки бозингарони мунтахабҳои футболи наврасон ва ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар чаҳорчӯби омодагӣ ба марҳилаҳои ниҳоии мусобиқаҳои Чемпионати Осиё давраҳои омӯзиш ва тамрину машқҳо мегузаронанд.



1/5
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оила барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасабз саҳмгузор бошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.