расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ВИДЕО +18: Ин чӣ рӯз аст? Як модарро духтарони худаш чанд корд задаанд

Ҷомеа / Ҳаводис

ВИДЕО +18: Ин чӣ рӯз аст? Як модарро духтарони худаш чанд корд задаанд

Навори видеоии як модари 5 духтар, ки фарзандони худаш ӯро кордборон кардаанд, мавҷи маҳкумиятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Ин модар, ки дар кати бемористон хобидааст, дар ин видео захмҳои ба сари сина ва шушаш задаи ду фарзандашро нишон дода, мегӯяд, ки шаби душанбе ба сешанбе ӯро дар хонааш духтаронаш корд задаанд.
Ин зан ин ҷинояти гӯшношунидро дар видео чунин қисса мекунад:
“Соатҳои нӯҳ буд, ҳамроҳи як набераам даромадам, ки хоб равам. Духтари калониам Шоира бо телефон гап мезад. Тарсидам, чунки як ҳафта боз ин нақшаашонро мекашиданд.
Тарсидам, хестам, рафтам, даррав дарро қуфл кардам. (Шоира) кордчаро гирифту омад. “Беваи сиёҳ, беваи падарлаънат кушо дарро! – гуфт.  Дарро зад, зад бо шатта. Кӯдак метарсад гуфта, дарро кушодам.  Калонӣ гуфта будааст, ки дар дилаш бизан, вале ба дилам нарасид, ба як тарафи қафаси синаам зад.
Дар ҳолати вазнин оварда, ҷарроҳиам карданд. Ду соат давом кард ҷарроҳӣ. Аз пуштам шланг гузаронданд. Пуштамро ҳанӯз надӯхтаанд. Ба шушам задаанд. Ба шуш ҳаво даромадааст, хуну зардоб гирифтааст.
Маро фарзандони худам ба ин ҳол гирифтор карданд. Духтари калониам ҳамроҳи духтари панҷумам. Азизова Шоира ва Азизова Хосият. Калонӣ духтари хурдиамро ҳаво дод, ки ҳамин хел кун, духтари хурдиам ҳамин хел кард.
Барои хонаҳоям маро чунин карданд. Се рӯз боз дар бемористонам, касе чораамро намебинад. Масхара карда гаштаанд.
Ман, модар, ҳамин хел фарзандро намебахшам. Барои хонаи худам маро чунин карданд.
Ин хел фарзандро дар ин дунёву он дунё дор бикашанд, ки ман модари ганда набудам, вайҳоро гушна намемондам, ташна намемондам. Нонашон мепухтам, хӯрок мепухтам барои худашону кӯдаконашон. Лекин маро ҳамин хел карданд…
Аз фарзандонашон бубинанд! Ҷазояшонро Худованд бидиҳад! Ҳеҷ чораи дигар надорам мани бебача…”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.