расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

. / Ҷомеа

Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро нашр кард. Ниҳод қайд кардааст, ки дар як рӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар 41 нафар пас аз шифо ёфтан аз КОВИД ба манзилҳояшон рухсат дода шуданд
Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
"Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 3 декабр 12308 ҳолатро ташкил медиҳад", - менависад вазорати тандурустӣ.
Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11718 (95,2%) баробар гардидааст.
Омори фавт аз беморӣ бетағйир аст. Бар асари ин беморӣ 87 нафар даргузаштаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.