расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Кӯлоб шабона ҳам интиқоли барқро қатъ мекунанд

. / Ҷомеа

Дар Кӯлоб шабона ҳам интиқоли барқро қатъ мекунанд

Ҳоло сокинон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6 соат барқ мегиранд.

Сурат: аз торнамои catoday.org
Аз 22 ноябр дар саросари шаҳри Кӯлоб интиқоли барқ шабона ҳам қатъ мешавад, иттилоъ дод хабарнигори “Азия-Плюс” дар минтақа.
“Пеш танҳо рӯзона: аз соати 8:00-и субҳ то 17:00-и шом интиқоли барқ қатъ мешуд. Аз 22 ноябр шабона ҳам барқ хомӯш мешавад. Акнун аҳолӣ аз соати 5:00 то 7:00-и субҳ ва аз 18:00 то 22:00-и шаб бо барқ таъмин мешавад”, - мегӯяд ӯ.
Дар ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” ба хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки қатъи интиқоли барқ дар минтақаи Кӯлоб ба камшавии захираи об дар обанбори Норак вобаста аст.
“Сатҳи об дар обанбори Норак нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 метр поинтар аст. Бо фарорасии сардиҳо мардум ҳам ба зиёдтар истифода кардани барқ шурӯъ намуданд. Масалан, дар моҳи октябри ҳамин сол сокинони минтақаи Кӯлоб 10 млн кВ/соат зиёдтар дар муқоиса бо соли пешин барқ истифода карданд”, - гуфтанд дар ин корхона.
Зимнан зикр шуд, ки дар дигар минтақаҳои кишвар низ чунин вазъ ба мушоҳида мерасад, лекин баъди як ҳафта ё аз ҳама дертараш пас аз 10 рӯз вазъият ба эътидол омада, аҳолӣ дар ҳаҷми пурра бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Аввали моҳи октябр шикояти сокинони минтақаҳои деҳот аз тез-тез ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ оғоз гардид. Дар “Барқи тоҷик” қатъи интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳҳо, хатаҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо нисбат дода, ҷорисозии реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад мекарданд ва ваъда медоданд, ки “бо анҷоми ин корҳо, интиқоли барқ дар ҳаҷмҳои зарурӣ барқарор мешавад”.
Мутахассисон мегӯянд, ба зербинои низоми энергетикӣ чизе нашудааст ва маҳдудияти интиқоли барқ ба норасоии захираҳои об марбут мебошад, зеро моҳҳои охир дар Тоҷикистон боришот набуд, дар минтақаҳои баландкӯҳ барф меборад, ҳарорат сард буда, барф об намешавад ва дарёҳо камоб шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.