расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Барканории директори мактаб дар Ӯзбекистон барои либоси тунуки хонандагон дар пешвози меҳмонон

. / Ҷомеа

Барканории директори мактаб дар Ӯзбекистон барои либоси тунуки хонандагон дар пешвози меҳмонон

Дар Тоҷикистон барои ин амал касе аз кор озод нашудааст.

Сурат: Podrobno.uz
Директори яке аз мактабҳои Андиҷон, ки бо фармоиши ӯ хонандагон дар ҳавои сард бо либоси тунук меҳмононро пешвоз гирифтанд, аз кор озод шуд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад.
Аксҳои хонандагон бо сарулибоси номувофиқ ба сардӣ ва парчамҳо дар даст базудӣ саросари шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифт. Дар ҳамин ҳол, худи мансабдорон сарулибоси зимистона дар бар доштанд.
Дар Раёсати маорифи вилояти Андиҷон дар шарҳи ин масъала гуфтаанд, хонандагон ҳамагӣ 2-3 дақиқа дар ҳавои сард қарор дошта, волидонашон ҳам аз ин кор шикояте надоштаанд.
Гуфта мешавад, пас аз омӯзиши ҳолатҳои ин кор иҷрокунандаи вазифаи директори мактаби мазкур ва яке аз муовинони ӯ аз вазифа озод карда шудаанд.
Чунин чорабиниҳо бо ҷалби хонандагони мактабҳо барои маросими истиқболи мансабдорон дар кишвари мо ҳам роиҷ аст.
Моҳи ноябри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маросими ифтитоҳи дорухонаи байторӣ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон матлабе нашр шуд, ки дар он толибаҳои мактаб бо куртаҳои тунуки атлас дар ҳавои хунук мансабдоронро пешвоз мегирифтанд ва худи мансабдорон бошанд, либоси гарм пӯшида буданд.
Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ
Дар шаҳри Панҷакент низ зимни истиқболи раиси вилояти Суғд дар фасли сармо толибаҳо либоси милли тобистона доштанд. Худи раиси вилоят ин амалро мавриди интиқоди шадид қарор дода, чанде аз масъулонро ҷазои маъмурӣ дод, лекин мушаххасан маълум нашуд, ки киҳо муҷозот шуданд.
Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ
Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳор дошт, ки чунин амали ҳукуматҳои маҳаллӣ ғайриқонунӣ буда, дахолати сохторҳои давлатиро тақозо мекунад. Вазири вақти маорифи вақти ҷумҳурӣ Нуриддин Саид он замон дархост намуда буд, ки чунин чорабиниҳо бо иштироки хонандагони мактабҳо мувофиқа карда шаванд.
Қобили зикр аст, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мансабдоронро борҳо барои ба чорабиниҳо бо иштироки ӯ ҷалб кардани ноболиғон сарзанишу маломат кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.