расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ба Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон аккредитатсияи давлатӣ дода шуд

. / Ҷомеа

Ба Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон аккредитатсияи давлатӣ дода шуд

Сарпарасти асосии Федератсия ширкати Tcell мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва раиси Федератсияи велосипедронии ҶТ Озодхон Давлатшоев
Сурат: хадамоти матбуоти Tcell
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аснои як ҷаласаи расмӣ ба раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев ботантана аккредитатсияи давлатиро супорид.
Зимнан, ҷонибҳо дар ин ҳамоиш созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар татбиқи сиёсати давлатии бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
 Озодхон Давлатшоев дар мавриди дастоварду комёбиҳои Федератсияи велосипедронӣ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 ибрози назар кард.  Федератсия ба нақша гирифтааст, ки варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро аз рӯи ин намуди варзиш омода намуда, мураббиён ва доваронро барои такмили ихтисосашон фаро бигирад.
Сурат: Хадамоти матбуоти Tcell
Озодхон Давлатшоев ва Абдулло Раҳмонзода инчунин дурнамои рушди дучархаронӣ: ифтитоҳи сексияҳои велосипедронӣ дар минтақаҳо, дастгирӣ ва рушди дучархасаворӣ дар кӯҳ ва бунёди зерсохторҳои заруриро баррасӣ карданд.
Ба қавли Абдулло Раҳмонзода, варзиш дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҳарвақта дида бештар рушд додани варзиш муҳим аст, зеро он тобоварии ҷисмониро беҳтар ва системаи иммуниро мустаҳкам мекунад, ки ин ҳангоми бемории ҳамагир (пандемия) хеле муҳим аст.
Сурат: Хадамоти матбуоти Tcell
Сарпарасти асосии Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell мебошад.
Озодхон Давлатшоев, ки ҳамзамон директори генералии Tcell мебошад, борҳо таъкид кардааст, ки яке аз афзалиятҳои умдаву аслии фаъолияти иҷтимоии Tcell таблиғи арзишҳои тарзи ҳаёти солим ва дастгирии чорабиниҳои варзишӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.