расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар маркази савдои Самарқанд мард ҳамсар ва маъшуқашро пеши чашми ҳама кушт

. / Ҷомеа

Дар маркази савдои Самарқанд мард ҳамсар ва маъшуқашро пеши чашми ҳама кушт

Ӯ занашро то ба марказ даромадан ҳамроҳи маъшуқаш пайгирӣ кардааст.

Сурат: Акси марбута
Дар маркази савдои шаҳри Самарқанд воқеъ дар кӯчаи Мирзо Улуғбек шоми 20 ноябр марде ҳамсари худ ва маъшуқашро назди бошандагони ин марказ кушт, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба шабакаи телевизионии STV.
Ба иттилои манбаъ, марди тахминан 40-сола ба марду зан бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа онҳо захмҳои ҷиддӣ гирифта, аз хунравии зиёд ҳалок шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғом ҳамсари худро ҳангоми бо маъшуқи эҳтимолиаш ба марказ даромадан пайгирӣ намуда, бо ёдоварӣ аз саргузашти пешин ва муносбатҳои ошиқонаи занаш, аз ҳиссиёти рашк ҳар дуи онҳоро пеши чашми ҳама ба қатл расонидааст.
Тавре сухангӯи Прокуратури генералӣ Ҳаёт Шамсутдинов хабар додааст, аз рӯйи ин далел рӯзи 20 ноябр дар прокуратураи шаҳри Самарқанд мутобиқи б. “а”,қ. 2, моддаи 97 КҶ Ӯзбекистон (Одамкушии барқаасдона) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.