расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор нафар наздик мешавад

. / Ҷомеа

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазор нафар наздик мешавад

Дар ҳамин ҳол, 11 ҳазору 271 кас аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Сурат: Asia-Plus
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 23 ноябр 11 ҳазору 894 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 86 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 42 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 11 ҳазору 271 нафар ё худ 94,7%-ро ташкил медиҳад.
Дар Русия теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус ба зиёда аз 36 ҳазор нафар расид. Аз оғози пандемия дар Русия ҳамагӣ дар беш аз 2 млн нафар бемории COVID-19 ошкор шуда, 1,5 млн нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва боз 478 ҳазору 806 нафар беморон зери муоинаи табибон қарор доранд.
Давоми ҳафтаи сипаришуда дар Аврупо ҳудуди 1,5 млн нафар сироятёфтагон ва зиёда аз 42,5 ҳазор ҳодисаҳои фавт аз он сабт шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.