расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Эълони ҷазои падаре, ки кӯдаконашро бераҳмона мезаду ба навор мегирифт

Ҷомеа / Ҳаводис

Эълони ҷазои падаре, ки кӯдаконашро бераҳмона мезаду ба навор мегирифт

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми зиндони Иномзода Фирдавс Аббос, падареро, ки бо навори латукӯби бераҳмонаи фарзандонаш дар интернет сарусадо барангехт, эълон намудТибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, Иномзода Фирдавс Аббос, нисбат ба фарзандонаш муомилаи бераҳмона раво дида, ўҳдадории худро иҷро накарда, фарзандонашро мавриди зарбу лат қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, Иномзода Фирдавс Аббоси 34-сола зодаи шаҳри Хуҷанд, қаблан низ ҳукм гирифта пас аз татбиқи қонун “Дар бораи авф” раҳо шудааст.
Номбурда бори дигар барои латукӯб фарзандонаш бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, бо ҳукми додгоҳ, ба муҳлати 2 сол равонаи зиндони низомаш сахт гардид.
Ёдовар мешавем, қаблан Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри навори латукӯби кӯдак аз ҷониби падар дар интернет онро таҳқиқ карда, иттилоъ дод, ки Иномзода Фирдавси 34-сола аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд бо гумони латукӯби ноболиғ боздошт гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда Иномзода Фирдавс тавре нишондод медиҳад, барои бекор кардани ақди никоҳ ин усули ҳассосу таъсиррасонандаро, ки ҷиноят аст, истифода кардааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон гумонбаршуда, гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ мекунад, ки гӯё барои тарбияи фарзандон истифода карда бошад.
Нашри навори латукӯби фарзандон аз сӯи падар дар интернет баҳси зиёдеро миёни корбарон ба бор оварда буд.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20200826/1031794427/Eloni-hukmi-padare-ki-farzandonashro-latukb-kard.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.