расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЗАНИ БАД ДАР САРОИ МАРДИ НАКӮ…

. / Ҷомеа

ЗАНИ БАД ДАР САРОИ МАРДИ НАКӮ…

Бойдухтар Авлоду аҷдодони падарам ҳама бою бадавлат гузашта буданд. Падарам ҳам марди сарватманду бо обрӯ буд. Пулу моли зиёд дошта бошад ҳам, мисли дигар бойбачаҳо мағрур набуд падарам. Ҳамеша ба камбағалон дасти ёрӣ дароз мекард. Ҳамсояҳо аз падарам розӣ буданд ва мудом «давлаташ аз ин ҳам зиёда гардад» гӯён, дуои некаш медоданд. Зиндагии мо серу пур, ба қавли мардум «шоҳона» буд, вале модарам тез-тез бемор мешуд. Мо дар оила се фарзанд будем, ду духтару як писар. Ман, ки духтари калонӣ будам, модарам тамоми розу ниёзашонро ба ман мегуфтанд. Дар беморхона Рӯзе бемориаш авҷ гирифту ману падарам модарамро ба беморхона бурдем. Падарам аз духтурон хоҳиш кард, ки барои модарам ҳуҷраи алоҳида ҷудо намоянд. Табибон ману модарамро дар ҳуҷраи тозаю озодае ҷо карданд. Ман модарамро нигоҳубин мекардам. Рӯзи дигар ба ҳуҷрае, ки дар рӯ ба рӯи мо буд, як бемори вазнинро оварданд. Ба  садама дучор шуда будааст. Духтурон тез-тез ба он ҳуҷра медаромаданд, ман ҳам тоқат накарда ба он палата даромадам. Ҷавони зебои мӯйлабдоре беҳушу беёд мехобиду додарчаи хурдакаку модари зораш дар болои сараш бо ашки шашқатор менишастанд. Пиразан духтуронро зораю тавалло мекард, ки писарашро аз марг наҷот диҳанд. «Баъди сари раҳматии падараш, зиндагии пурмашаққат бар дӯши писарам бор шуд. Ягона такягоҳи мо ҳамин писарам аст. Бечора бачем бо пули мардикорӣ мошин харид, то зиндагиамонро таъмин намояд. Таксистӣ мекард. Камбағалро дар рӯйи уштур ҳам саг мегирад гуфтагӣ барин ба садама афтидааст»,- бо дарду алам нақл мекард пиразан. Дилам ба ҳолаш сӯхту иншооллоҳ писаратон шифо меёбад холаҷон, гӯён тасаллияш додам. Гар дасти фитодае бигирӣ… Баъди даво-дави зиёди духтурон ҷавон ба ҳуш омад, вале модараш, холаи Садафмоҳ дигар барои харидани доруву дармон пул надошт. Касе ба аёдати онҳо намеомад. Ба падарам дар бораи он ҷавони камбағал нақл кардам. Раҳмаш омада пул дод, то тамоми доруву дармони он ҷавонро харида ба модараш диҳам. Вақте ки бо халтаи пур аз доруворӣ ва меваҳои рангоранг аз дари палатаашон даромадам, сари холаи Садафмоҳ ба осмон расид ва бо чашмони пурашк «Худо аз ту розӣ бошад, духтарам. Хока гирӣ зар гардад» гӯён, маро ба оғӯш гирифта аз рухсораҳоям бӯсид. Санҷар, ки дар рӯи кати оҳанин мехобид, аз ман чашм намеканд. Оташи ишқ Минбаъд ҳар гоҳе ба онҳо хӯрок мебурдам, ҳис мекардам, ки ҷавон хоҳиши бо ман суҳбат карданро дорад, вале шарм мекунад. Оҳиста-оҳиста мо бо ҳамдигар хӯ гирифта, гап мезадагӣ шудем. Тӯли ду ҳафтаи дар беморхона хобидан мо бо ҳам чунон одат кардем, ки гӯё як умр ошно бошед. Рӯзе, ки модарамро аз беморона ҷавоб доданд, барои хайрухуш ба ҳуҷраи онҳо рафтам. Санҷар рақамҳои телефонашро дар коғазчае навишта ба ман дод ва илтиҷо намуд, ки занг занам. Ба хона баргашта бошам ҳам, ҳамеша ҳушу хаёлам ба Санҷар банд буд, симои зебояш ҳеҷ аз пеши назарам дур намешуд. «Наход ошиқ шуда бошам?! Ошиқи як ҷавони камбағали деҳотӣ! Чашми ошиқ кӯр аст мегӯянд, рост будааст» мегуфтам худ ба худ, вале сирри диламро пеши касе ифшо намекардам, ҳеҷ кас, ҳатто модарам ҳам намедонист, ки дили ман ҳавои ишқи Санҷарро дорад. Ҳамин тавр аз байн қариб 20 рӯз гузашту Санҷар занг зада, шодиёна гирифт, ки фардо аз беморхона ҷавоб мешавад Хурсанд шудам, чунки духтурҳо роҳ гаштанаш дар гумон аст мегуфтанд. Хостгорӣ Пас аз як моҳи аз беморхона баромадани писараш холаи Садафмоҳ бо кулчаҳои равғанини гандумӣ ба хонаи мо меҳмонӣ омад. Падару модарам ӯро хуб зиёфат карданд. Онҳо гумон доштанд, ки хола ба хабаргирии мо омадааст, аммо баъди чанде кампир мақсадашро ошкор намуда, зораю тавалло кард, ки мо лоиқи шумо набошем ҳам, Санҷар Марямро дӯст медорад, илтимос хостгории маро рад накунед. Падарам каме ба фикр фурӯ рафту сипас ваъда дод, ки бо хешу табор маслиҳат карда, баъд ҷавобашро мегӯяд. Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест. Баъди гусел кардани меҳмонҳо падарам маро наздаш хонда гуфт: -Духтарам, хуб фикр кун, ту дар шаҳр ба воя расидаиву муҳити деҳотро намедонӣ. Падарам маро ба оилаи камбағал дод гуфта фардо аз ман домангир нашавӣ. Ихтиёр ба худат, розӣ бошӣ, ман аз ҳисоби худам тую тамошо ороста, сари шумоёнро ҷуфт мекунам, вале оқибаташро нағзакак фикр кун! «Дар ишқу ошиқӣ шоҳу гадо нест» гуфтани шоир беҳуда набудааст, мани дилдода тайёр будам, ки бо Санҷар ба дӯзах ҳам бошад, равам. Тӯй Падарам тамоми хароҷоти тӯйро ба зиммаи худ гирифт. Холаи Садафмоҳ танҳо ба ҳамсояҳояш ошу нон доду халос, боқимонда хароҷотҳоро волидони ман аз ҳисоби худ карданд. Падарам дар яке аз тарабхонаҳои бошукуҳи пойтахт дар иҳотаи ёру дӯстонаш тӯйро бо тантана гузаронда маро ба хонаи бахтам гусел кард. Ман, духтари сарватманди шаҳрӣ субҳи нахустини зиндагиро аз рӯбучини ҳавлӣ оғоз кардам. Холаи Садафмоҳ, ки аз даво-дави тӯй хаста шуда буд, дертар хеста ҳама ҷоро тозаю озода дида аз шодӣ ашк рехт. Ширбиринҷи пухтаамро кашида овардам. Хушдоманам сад бор садқаю бандаи чунин келинчаки чаққон шуда, дар сари дастурхон «Худованд мани нолоиқро ба чунин рӯзҳо расондааст» гӯён, гаштаю баргашта шукргузорӣ мекард. Келини гадо Ҳамсояҳо келинбинӣ омада пичир-пичир мекарданд, ки чӣ гуна як марди сарватманд бо ҳамин Садафмоҳи талбанда қудо шудааст. Ҳар хел садоҳо ба гӯшам мерасид, занҳои арӯсбинӣ омада байни худ миш-мишкунон «духтари шаҳрӣ дар хонаи инҳо тоқат накарда, баромада меравад» мегуфтанд, аммо барои ман барин духтари ошиқ сухани касе аҳамият надошт. Зиндагӣ дар ин ҳавлии фарсуда бо ёри дӯстдоштаам дар назари ман биҳиштро мемонд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.