расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФАРИШТАРО АВВАЛ ШИНОС КАРДУ БАЪД КАШИДА ГИРИФТ

. / Ҷомеа

ФАРИШТАРО АВВАЛ ШИНОС КАРДУ БАЪД КАШИДА ГИРИФТ

Салом ба кормандони «Оила». Рамазон ҳастам, бо шумо дар тамосам. Алҳол сокини шаҳри Норак ҳастам ва духтареро дӯст медорам аз шаҳри Душанбе. Исмаш Фаришта, амсоли фариштаҳои осмон зебову дилкаш аст. Худотарсу бомаънӣ аст. Бо ӯ муддати шаш моҳ вохӯрӣ доштем, баъд ман ба зодгоҳам баргаштам. Маро бо Фаришта ҳамсабақам Абӯбакр шинос карда буд. Ба воситаи ҳамин дӯстам ман Фариштаи ҳақиқиро ёфтам, вале дар як моҳи аз бонуи писандидаам дур будан Абӯбакр ба ман занг зада дар бораи ӯ чунон гапҳоеро гуфт, ки ҳеҷ ба ақли солим рост намеоянд. «Фаришта бо ман ишқварзӣ мекунад, ту бошӣ ҳоло ҳам аз паси ӯ ҳастӣ»,- мегуфт Абубакр гаштаю баргашта. Гумон кардам, ки дӯстам бо чунин ҳиллаю найрангҳои аблаҳона байни ману Фаришта ҷудоӣ андохтан мехоҳад ва рӯзе барои санҷиш ба Фаришта занг зада гуфтам: «Фирефтаи ҳардуи шумо бехудоён шудам, вале билохира чеҳраи аслиатро нишон дода ба ман хиёнатро раво донистӣ. Ҳайфи ту! Бовар намекардам, ки бо як хиёнаткор аҳди муҳаббат бастаам…» Ҳадафам аз ин суханон танҳо санҷидани Фаришта буд ва интизор доштам, ки дар ҷавоб ҳатман девона шудаӣ мегӯяд, аммо хаёлам хом баромад. Фаришта бе ягон шарму ҳаё бидирос зад: «Беҳуда сарамро гаранг накун, ту дигар барои ман ҳеҷ кас нестӣ! Абӯбакр ба ман ваъда дод, ки маро хушбахттарин зани дунё месозад…» Вақте ки ба худ омадам, аллакай маҳбубаи бевафоям телефонро хомӯш карда буд. Акнун фаҳмидам, ки шайтонеро фаришта пиндошта диламро ба кафаш ниҳода будаам. Афсӯс! Рамазони фиребхӯрда 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.