расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲАҶМИ УМУМИИ ҚАРЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020 ЧӢ ҚАДАР?

. / Ҷомеа

ҲАҶМИ УМУМИИ ҚАРЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020 ЧӢ ҚАДАР?

Ҳаждаҳуми ноябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, иттилоъ медиҳад нашрияи расмии МОҶТ “Садои Мардум”. Зимни баррасии барномаи қарзгирии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода аз нақшаи қарзгирӣ барои сохтмони НБО “Роғун” гуфт. Тибқи нақша феълан 8 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, ки калонтаринашон қарз барои сохтмони НБО "Роғун" мебошад. Тибқи гуфтаи вазир, барои сохтмони НБО "Роғун" гирифтани 340 миллион евро дар назар аст. Дар мавриди қарздиҳандагон Қаҳҳорзода илова намуд, ки аз рӯи нақша қарз бояд аз бонкҳои аврупоӣ - Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember гирифта шавад. Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки дар маҷмӯъ барномаи нави қарзгирӣ барои соли 2021 ва дурнамо барои солҳои 2022-2023 ҳудуди 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. “Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сохтмончиёни "Роғун" гуфт, аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳи "Роғун", яъне аз соли 2008 то ба ҳол ба ин иншоот 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст”-шарҳ медиҳад хабаргузории “Спутник”. Инчунин, вазир ҳаҷми умумии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 1-уми октябри соли 2020 гуфт, ки он 3,7 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.